Қарабоғ боз ҳам оташ миёни Арманистон ва Озарбойҷон ба роҳ андохт

Бо баррасии таърихчаи буҳрон дар минтақаи Қарабоғ, дар меёбем, ки қариб як қарн аст, ки ду кишвари ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғ муноқиша ва ҷадал доранд , агар бихоҳем далел ва таърихчаи ин даргириҳоро баррасӣ кунем бояд бигӯем, ки минтақаи худмухтори Қарабоғ ба марказияти шаҳри Хонкендӣ (лафзи мавриди истифодаи озариҳо) ё ҳамон Степанкерт (лафзи мавриди истифодаи арманиҳо) дар ҷануби шарқи кӯҳҳои Қафқози Сағир воқеъ шудааст. Аз назари тақсимоти идорӣ, Қарабоғ, устони худмухтор аст, ки дар 7 июни 1923 ташкил шуд.

 

Баррасии таърихчаи буҳрон дар минтақаи Қарабоғ

Қариб як қарн аст, ки ду кишвари ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғ муноқиша доранд, агар бихоҳем далел ва таърихчаи ин даргириҳоро мурур бкунем бояд бигӯем, ки минтақаи худмухтори Қарабоғ ба марказият шаҳри Хонкендӣ ё ҳамон Степанкерт, дар ҷануби шарқи кӯҳҳои Қафқози сағир воқеъшудааст. Аз назар тақсимоти идорӣ, Қарабоғ, устони худмухтор аст, ки дар 7 июни 1923 ташкил шуд.

Баъд аз ҷанги ҷаҳонии аввал, раиси кумитаи инқилоби ҷумҳурии Озарбойҷон бо мухобираи телеграфӣ ба ҳамтои армании худ эълом кард, ки аз ин ба баъд се минтақаи Зангзур, Нахҷавон ва Қарабоғ ба Арманистон тааллуқ хоҳад гирифт, дар пайи ин иттифоқ эътирозоти фаровоне дар ҷумҳурии Озарбойҷон сурат гирифт ва боис шуд ихтилофот байни ду кишвар амиқтар шавад. Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар июни 1923 пас аз ба вуҷуд омадани ин ихтилофот ҳокимияти таърихӣ Озарбойҷон бар Нахҷавон ва Қарабоғ ва ҳамчунин Арманистон бар Зангзурро таъйид кард. Пас аз он арманиҳо муддатҳо дар инбора сукут карданд, аммо хотираи озор ва азияти туркҳо ва қатли оми аромна дар 1915 тавассути туркони Усмонӣ аз ҳам паймонони Озарбойҷон боис шуд то дар пайи фурсате бошанд ва Қарабоғро ба хоки худ бифзоиянд онҳо дар даҳаҳои 40 ва 60 талошҳое дар ин маврид анҷом доданд вале ноком монданд.

Бо рӯйи кор омадани Горбачёв, ва ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодии феврали 1988 тазоҳурот дар Хонкендӣ ба нафъи илҳоқ ба Арманистон сурат гирифт, дар наҳоият дар 11 феврали ҳамон сол шурӯи буҳрон бо шиорҳои як қавм як ҷумҳурӣ ба нафъи пайвастан ба Арманистон калид хӯрд ва дар замоне, ки ҳайати қонунгузории ин минтақа қатъномаеро барои пайвастан ба Арманистон ба тасвиб расонд ба авҷи худ расид.

Дар ин фосила замоне то фурӯпошии Шӯравӣ байни аромана ва озариҳо дар шаҳрҳои мухталиф аз ҷумла дар Боку, Киров, Хонкендӣ даргирҳое даргирифт ва мӯҷиби куштани даҳҳо тан аз тарафайн гашт. Бо фурӯпошии иттиҳоди Шӯравӣ, ҳайати қонунгузории Қарабоғ тасмим ба истиқлоли комил гирифт.

Дар соли 1992 ҷанги ваҳшатноке миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон даргирифт ва то авосити ин сол Арманистон бахши умдаи Қарабоғро таҳти кантрол даровард ва пеши равиро то шаҳрҳои атрофи Қарабоғ назири Лачин, Калбаҷр, Физули, Акдам ва Ҷибрил идома дод ва ин маҳаллаҳоро низ ба тасарруфи худ даровард, бад-ин тартиб 20 дарсад аз арозии Озарбойҷон ба ишғоли Арманистон даромад. Аз таърихи 12 майи 1994 байни ду тараф бо кӯмаки Созмони Милал ва кишварҳои дорои нуфуз оташбас барқарор шуд. Дар ин миён кишварҳои зиёде ва ҳамчунин Созмони Милал аз ҷумла гурӯҳи Минск созмони амният ва ҳамкории Аврупо саъй дар ҳали буҳрон доштанд вале бо таваҷҷӯҳ ба манофеи кишварҳои бузурги минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ба хусус Русия ва Амрико ин буҳрон ҳалнашуда боқимондааст ва решаи нақзи оташбаси кунуниро бояд дар манофеи ин кишварҳо ҷустуҷӯ кард.

Ҷанги дубора дар минтақаи Қарабоғ

Дар тайи ин солҳо тарафайн борҳо бо нақзи оташбас ва эҷоди ҷанг афрӯзӣ ба ҳолати ҷанги дар омадаанд ва бо дахолати Созмони Милал ва дигар кишварҳо дубора оташбас барқарор шуд. Аммо дар тайи чанд рӯзи гузашта оташи ҷанг миёни ин ду кишвар дубора шӯълавар шуд ва ҷолиб он аст, ки ҳар як аз тарафайни даргирӣ дигариро ноқизи оташбас медонад. Боку ва Ереван ба сурати мутақобил ҳамдигарро муттаҳам ба барҳам задани вазъияти оташбас ва шӯълавар кардани оташи ҷанг кардаанд. Ҳар ду кишвар ба ҷуз як ихтилоф даркуллияти мавзӯъ, аз саргирии даргириҳоро ба сурати муштарак ривоят мекунанд. Аммо муҳимтарин маҳалли ихтилоф дар ин аст, ки чӣ касе нахустин тирро шиллик кардааст?.

Дар ҳоле, ки давлатиБоку мӯътақид аст рӯзи якшанбе нерӯҳои артиши Арманистон бидуни ҳеҷ муқаддима ва далеле шурӯъ ба оташи тӯпхонаӣ алайҳи нерӯҳои Озарбойҷон кардаанд, давлати Ереван аз иқдомоти машкуки нерӯҳои Озарбойҷонӣ сухан гуфта ва оташи тӯпхонаи худро дар посух ба иқдомоти машкуки онҳо донистааст.

Мавзӯъи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки ин даргириҳо на дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ, ки дар минтақаи марзӣ миёни Туузи Озарбойҷон бо Товваши Арманистон дар гирифта, ки то пеш аз ин дар ин минтақа шоҳиди даргирӣ набудем. Дар ин дар гириҳо, Боку хабар аз кушта шудан 7 тан аз аъзои артиш миллии Озарбойҷон, ки се тан аз онҳо ҷузви афсарони баландпоя ва 4 тан аз онон сарбоз буданд дод. Ва дар муқобил муддаӣ шуд дар муқобили кушта шудагони худ беш аз 20 нафар аз аъзои артиши Арманистонро кушта, аммо Ереван зимни таъйиди захмӣ шудани бархе аз аъзои артиш ва полис, ҳаргуна кушта шудани нафароти худро дар даргириҳои се рӯзи гузаштаро инкор мекунад.

Дар ҳоле, ки Арманистон хабар аз авзои одӣ ва зиндагӣ одӣ дар раволи мардуми худ хабар медиҳад ҷумҳурии Озарбойҷон бо интишори тасовире аз ҳамлаи минометҳои артиши Арманистон ба рустоҳои Агдам ва Дондар дар наздикии минтақаи даргирӣ дар самти Озарбойҷон хабар додаанд. Ин ҳамла бо истифода аз минометҳои 120 милиметрӣ ва ракетаҳои D-30 анҷом шудааст.

Ҳамчунин Озарбойҷон муддаӣ шуд Боку иқдомоти Ереванро беҷавоб нагузоштааст ва аз новбудии қароргоҳи иттилоотӣ ва радарии артиши Арманистон хабар дод.

Дар ҳоле, ки Озарбойҷон ба сурати мукаррар аз гирифта шудани интиқоми хуни шуҳадои худ хабар медиҳад, аммо шаби гузашта гурӯҳе аз роҳпаймоёни мӯътариз бо ҳамла ба сохтумони маҷлиси милли ин кишвар ва ишғоли чанд соатаи сохтумони маҷлис, хостори иқдоми ҷиддии давлат дар хусуси масъалаи Қарабоғ шуданд. Садҳо нафар низ бо ҳузур дар ин роҳпаймоӣ хостори эъзоми довталабона ба ҷабҳа шуда ва ҳатто даҳҳо тан бо автомобилҳои шахсӣ роҳии манотиқи ҷангӣ шуданд.

Бо вуқӯъи дубораи ин даргириҳо мақомоти кишварҳои мухталиф зимни барқарории тамос бо мақомоти ин кишварҳо ононро ба хештан дорӣ ва анҷоми сареи оташбас даъват карданд ва омодагии худро барои ҳали буҳрон ба сурати мусолиматомез эълом карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад