Шароит  ва вазияти занону кӯдакони аз Сурия баргашта дар Тоҷикистон

Занону кӯдаконе, ки моҳи майи соли ҷорӣ аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, дар макони муносиб ва шароити худ зиндагӣ доранд.

Занону кӯдаконе, ки моҳи майи соли ҷорӣ аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, дар макони муносиб ва шароити худ зиндагӣ доранд.

Раванди табобати онҳо идома дорад, аммо пайвандони на ҳамаи онҳо омодаанд, ки наздиконашонро дубора ба оила қабул кунанд.

Дар ин бора дирӯз, 26-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода, сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иттилоъ дод.

Суҳайлӣ Абдуҳафиззода гуфт:

“Шароити онҳо бад нест. Баръакс, онҳо дар мавзеи муносиб ва бофароғат зиндагӣ доранд. Он ҷо боғ ва ҳавзи шиноварӣ ҳаст, онҳо бо чор вақт хӯрок таъминанд ва оид ба масоили гуногун метавонанд кӯмак дастрас кунанд”.

Аммо ин масъули Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон макони дақиқи будубоши нафарони аз Сурия баргардонидашударо ошкор накард. Бояд гуфт, ки моҳи майи соли 2023 мақомоти Тоҷикистон аз Сурия 104 нафар занону кӯдакони тоҷикро ба ватан баргардонида буданд.

Ба гуфтаи Суҳайлӣ Абдуҳафиззода барои нигоҳдории баргардонидашудагон мушкиле нест ва созмонҳои кӯмакрасон барои таъмини шароити мувофиқ ёрӣ мерасонанд.

Абдуҳафиззода гуфт:

“Кӯдакон бо модару бибиҳои худ ҳастанд, ба онҳо ёрии равонӣ расонида мешавад, зеро онҳо баъди ҳаводиси аз сар гузаронидаашон фишори равониро эҳсос мекунанд. Занон дар курсҳои ошпазӣ ва дӯзандагӣ таҳсил мекунанд ва кӯдакон хондану навиштанро меомӯзанд”.

Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки ҳамаи нафарони баргардонидашуда аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд ва дар ягон нафари онҳо бемории вазнин, аз ҷумла бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда ошкор нашудааст. Танҳо фишори хуни чанд нафари онҳо баланд ва ду нафарашон гирифтори диабети қанд буданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбати мо таъкид кард, ки қисме аз ин шаҳрвандон вақте омодаи бозгашт ба хонаводаашон мешаванд, бо мушкил рӯбарӯ хоҳанд шуд, зеро на ҳамаи хонаводаҳо омодаанд, ки пайвандонашонро бозпас қабул кунанд.

Бо назардошти ин, ҷиҳати ҳамгироии дубораи онҳо бо ҷомеа Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо наздик ба 15 мақомоти гуногуни давлатӣ ҳамкорӣ дошта, дар оянда барои расонидани кӯмаки равонӣ ва моддӣ ба ин занон иқдом мекунад.

Қодирӣ гуфт:

“Қисмати муҳими офиятбахшӣ барои таъмини ояндаи беҳтари ин занон ин пешниҳоди намудҳои гуногуни дастгирӣ, аз ҷумла банақшагирии омӯзиш ва пешниҳоди грантҳо мебошад. Ин ба онҳо барои бунёди зиндагии босубот, мустақил ва ҳамгироии муваффақ ба ҷомеа кӯмак хоҳад кард”.

Бояд гуфт, моҳи марти соли ҷорӣ 146 зану кӯдаке, ки моҳи июли соли 2022 аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида буданд, бо оилаҳои худ пайвастанд.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои 2019 ва 2022 мақомоти Тоҷикистон ду гурӯҳ шаҳрвандони кишварро аз Сурия ва Ироқ ба ватан баргардонданд.

Соли 2019 89 кӯдаки аз 1 то 18 сола ба ватан баргардонида шуда, дар мавзеи истироҳатии Харангон, воқеъ дар дараи Варзоб, ҷойгир карда шуданд.

Соли 2022 146 зану кӯдак барогардонида шуда, дар маҷмааи сайёҳии Кумитаи андози Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ҷойгир карда шуданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад