Баргардондани 104 нафар шаҳрванди кишвар аз Сурия

Вазорати хориҷа гуфт, шаҳрвандони кишвар тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

Вазорати хориҷа гуфт, шаҳрвандони кишвар тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

Ба гузориши манбаъ:

Бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон ба теъдоди 104 нафар (29 оила), ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат мебошанд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар ин бора ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони кишвар аз Сурия тавассути ҳавопаймои махсус ба Ватан баргардонида шуданд.

Манбаъ таъкид кард, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе нафарони ба Ватан баргардонида шударо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки бо дархости ҷониби Қазоқистонӣ, ҳамчунин панҷ шаҳрванди ин кишвар (як зан ва чор фарзанди ӯ) низ аз Сурия бароварда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли гузашта аз ҳавопаймо бо 146 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе фуруд омада буд.

Вазорати умури хориҷа таъкид доштааст:

“Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд”.

Зубайдулло Зубайдзода, сфири Тоҷикистон Қувайт он замон дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон гуфта буд, ҳукумати Тоҷикистон барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш ҳамеша талош дошт.

Сафири Тоҷикистон таъйид кард, ки “сафорати кишвар дар Давлати Кувайт ба кори баргардонидани занону кӯдакон идома медиҳад”.

Қабла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ баргардонда шуданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз чолиши рӯзафзуни терроризму экстремизми байналмилалӣ ҳушдор дода, ҷаҳониёнро ба баррасии масъала ба Душанбе хонд.

Дар доираи мубориза бо терроризму экстремизм Тоҷикистон беш аз 400 шаҳрвандашро аз Сурия ва Ироқ ба Ватан баргардондаст.

Ин нуктаро вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни муроҷиаташ ба ҷаҳониён дар арафаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” баён дошт.

Вай гуфт, дар миёни бозгаштаҳо аз ҷумла занону кӯдакон қарор доранд, ки феълан ба ҳаёти осоишта баргаштаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин барои баррасии масоили терроризму экстремизми байналмилалӣ шариконро ба конфронси Душанбе даъват намуд.

Конфронси Душанбе таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” рӯзҳои 18 ва 19 октябр дар назар аст.

Зикри вазир аз баргардондани тоҷикистониҳо дар ҳолест, ки бори охир чунин як гуруҳ тобистони соли равон аз Сурия оварда шуданд.

ВУХ моҳи июл хабар дода буд, ки ҳавопаймо бо 146 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе фуруд омад.

Таъкид шуда буд, ки бо супориши бевоситаи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд, ки 42 нафарашон зан 104 нафар кӯдак мебошанд.

Илова гардид, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба ватан саъю талош менамояд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад