Раиси Ҳизбуллоҳ: дунё шуҷоати ҷавонони мусулмон дар дифоъ аз Қуръонро мебинад!

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ ҷавонони мусулмонро даъват кард барои муҷозоти ҳурматшиканони Қуръон мунтазири касе барои дифоъ аз динашон намонанд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ тайи нутқе дар маросими роҳпаймоии рӯзи Ошӯро дар Бейрут ҷавонони мусулмонро даъват кард барои муҷозоти ҳурматшиканони Қуръони Карим вориди амал шаванд ва мунтазири касе барои дифоъ аз динашон намонанд.

Ба нақл аз манобеи расмии телевизонӣ дар Лубнон, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар маросими роҳпаймоии рӯзи Ошӯро дар Лубнон мусибати шаҳодати Имом Ҳусайн(а) ва ёрони бовфояшро ба пешгоҳи Имом Замон(аҷ) ва мароҷеи изом, Имом Хоманаӣ ва ҳамаи азодорон таслият гуфт.

Ӯ дар ибтидои суханонаш зимни маҳкум кардани муҷаддади беҳурматии Қуръони Карим гуфт: “ҳамаи дунё дар мавзӯъи беҳурматиҳо ба соҳати муқаддаси Китоби Худо бояд бидонанд, ки уммати исломӣ таарруз ва тавҳин ба муқаддасот ва намодҳои худро барнаметобад.”

Вай афзуд: “густохии тавҳин ба мусҳафи шариф тайи рӯзҳои гузашта дар Дания хусумат ва таарруз ба Ислом ва ду миллиард мусулмон аст.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ таъкид кард: “кишварҳои исломӣ ва вазирони хориҷаи онҳо бояд тасмимҳоеро дар сатҳи тавҳини низомманд ба динашон дар Шветсия ва Дания бигиранд.”

Вай идома дод: “ҷавонони мусулмон ҳам бояд ба масъулияти худ амал карда ва ҳурматшиканони Қуръони Каримро муҷозот кунанд ва мунтазири ин набошанд, ки касе аз динашон дифоъ кунад.”

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: “дунё шуҷоати ин ҷавононро, ки омодаи дифоъ аз дину китоби Худо ҳастанд хоҳад дид.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ таъкид кард: “мо барои дифоъ аз “уръоне, ки Имом Хусайн(а) барои он шаҳид шуд мегӯем “лаббайк ё Қуръон, лаббайк ё Ҳусайн ва лаббайк ё Маҳдӣ.”

Вай афзуд: “мо бо худ паймон мебандем, ки дар роҳи Имом Ҳусайн(а) мемонем ва пайрави ормонҳои Ӯ ҳастем ва бо ҳамаи тоғёни рӯи замин мубориза мекунем.

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: “вақте душман моро байни ду гузинаи ҷанг ё зиллат дар тасмиму ихтиёр мегузорад, мо ба дунё мегӯем, ки ҳайҳот минна-аз-зилла.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар бораи масъалаи Фаластин низ гуфт: “дар хусуси беҳурмати мукаррари саҳюнистҳои ваҳшӣ ба соҳати Масҷидулақсо душман бояд мавзеи қотеи душманро аз сӯи мусулмонон бишинавад.”

Сайидҳасан Насруллоҳ таъкид кард: “ин минтақа қабл аз решакан шудани ғуддаи саратонӣ ва фосиди режими ботили саҳюнистӣ рӯи оромишро нахоҳад дид ва имрӯз миллати Фаластин бо тавассул ба гузинаи муқовимат ва мубориза пеш меравад.”

Вай афзуд: “мо аз инҷо Зоҳияи Бейрут бар ҳимояти худ аз Ҳизбуллоҳ ва муқовимат дар канори миллати Фаластин бо ҳамаи ончи дар ихтиёр дорем таъкид мекунем.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар бораи масъалаи Яман низ гуфт: “ҳанӯз миллати Яман дар ҳоли муқовимат ва таҳаммули ранҷ ва сахтиҳост ва оташбаси ғайрирасмӣ дар ин кишвар кифоят намекунад.”

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: “ин миллати Яман бо бархурдорӣ аз раҳбарии шуҷоъ ҳақ дорад, ки бо таваққуфи таҷовуз ва муҳосира ба ҳаёти табиии худ баргардад.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ ҳамчунин бар ҳимояти муқовимат аз миллати Сурия низ таъкид кард.

Вай дар хусуси муқовимати Ҳизбуллоҳи Лубнон низ гуфт: “ин рӯзҳо Исроил бо вақоҳат аз таҳаррукоти муқовимат мегӯяд дар ҳоле, ки ин режим аст, ки ба ишғолгарии худ дар сарзамини мо идома медиҳад.”

Вай таъкид кард: “муқовимат дар Лубнон ҳаргиз кӯтоҳӣ нахоҳад кард ва омодаи боздорандагӣ, рӯёрӯӣ ва озодсозӣ дар баробари ҳар гуна аҳмақиҳои режими саҳюнистӣ аст.”

Сайидҳасан Насруллоҳ дар бораи масоили дохили Лубнон низ аз давлат пешбурди умури ин кишвар хост бо пазириши масъулият ба мушкилоти маишатии мардум расидагӣ кунад ва аз аъзои парлумон низ хост, парлумонро ба таътилӣ накашонанд.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад