Осеби сел ба 63 хоҷагӣ дар Суғд

Сар задани сел дар навоҳии Айнӣ ва Панҷкент боиси ворид омадани хисорот ба сокинони ин навоҳӣ шудааст.

Бар асоси гузоришҳо, боришоти шадиди борон боиси омадани сел дар вилояти Суғд ва ворид омадани осеб ба ду навоҳии Айнӣ ва Панҷакент гардидааст.

Сел дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ омад, ки дар натиҷа роҳҳои маҳаллӣ иншооти ёрирасон ва биноҳои истиқоматӣ хароб гардиданд.

Дар ин робита дафтари матбуотии Кумитаи ҳлатҳои фавқулода хабар додааст: “Тибқи маълумоти пешакӣ, сел ба 63 хоҷагӣ, аз ҷумла 7 бинои истиқоматӣ, 56 иншооти ёрирасон ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ қисман зарар расонд.”

Тибқи гузоришҳо хушбахтона ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надоштааст.

Феълан, барои муайян кардани хисорот ва расондани кумак комиссияҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ оид ба вазъияти фавқулода дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд.

КҲФ ҳамчунин аз омадани сел дар деҳоти Ёрӣ, Лоиқ Шералӣ ва ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент хабар дод. Дар натиҷаи омадани сел роҳҳои деҳот ва заминҳои кишоварзӣ зарар диданд. Феълан маълумот дар бораи хисороти расида маълум нест.

Илова бар ин, сел дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, минтақаҳои Истаравшан ва Деваштич низ омадааст, вале ба хонаҳои аҳолии маҳаллӣ осеб нарасонд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад