Шаҳодати Имом Ҳусайн(а) дар Карбало-видео

Имрӯз даҳуми моҳи Муҳаррами 1445ҳ.қ баробар бо 28 июли соли 2023 аст. Салому дуруди Худованд бар имом Ҳусайн ва бар Алӣ ибни Ҳусайн ва бар авлоди Ҳусайн ва бар асҳоби Ҳусайн бод!

Ҳодисаҳои рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррами соли 61ҳ.қ. дар дашти Карбало Соати 5:45 Имом Ҳусейн ибни Алӣ(а) баъд аз намози бомдод барои ёронаш суханронӣ кард ва онҳоро ба сабру ҷиҳод даъват намуд.

Тарафи муқобили имом Ҳусейн(а) ҳам намози бомдодро ба имомати Умар ибни Саъд хонд ва баъд аз он ба ҷойгир кардани лашкар ва сарбозон машғул шуданд. Соати 6 Имом Ҳусейн(а) дастур дод то дар атрофи хаймаҳо хандақ бикананд ва онро бо хору буттаҳо пур кунанд то баъд оташ бизананд ва пеши ҳамлаи лашкари Умар ибни Саъдро аз рушти хаймаҳо бигиранд. Соати 7 Каме баъд аз тулӯи офтоб имом савор бар шутуре шуд то беҳтар дида шавад. Рӯбарӯи сипоҳи Куфа рафт ва бо садои баланд барои онҳо суханронӣ кард. Сифатҳо ва фазилатҳои худаш ва падару бародараш ва номанависии куфиёнро ба худаш барои омадан ба Куфа барои онҳо ёдоварӣ кард. Ҳатто чанд нафар аз сарони сипоҳи Куфаро хитоб кард ва аз Ҳаҷҷор ибни Абҷар ва Шабаси Рибъӣ пурсид, ки магар онҳо ӯро даъват накардаанд? Онҳо инкор карданд. Имом Ҳусейн(а) номаҳояшонро ба тарафи онҳо партофт ва Худоро шукр кард, ки ҳуҷҷатро бар онҳо тамом кардааст.

Яке аз сарони лашкари Куфа аз имом Ҳусейн пурсид: Чаро ҳукми Убайдуллоҳ ибни Зиёдро намепазирӣ ва моро аз нанги мубориза бо писари Паёмбар(с) намераҳонӣ? Инҷо имом Ҳусейн ҷумлаи маъруфи худро фармуданд: Огоҳ бошед, ки фарди пасте (Язид) аст, маро байни кушта шудан ва қабул кардани зиллату хорӣ маҷбур ба интихоб кардааст. Зиллату хорӣ аз мо дур аст! (هیهات منا الذلة) Суханронии имом ҳудуди ним соат тул кашид. Соати 8 Чанд нафар аз асҳоби имом Ҳусейн аз ҷумла Бурайр, ки сарвари қориёни Куфа буд ва Зуҳайр ибни Қин суханоне монанди имом ба куфиён гуфтанд. Баъд аз суханони Бурайр ва Зуҳайр имом Ҳусейн фарёди маъруфи هل من ناصر ینصرنی “Оё ёридиҳандае ҳаст, ки маро ёрӣ кунад”-ро сар дод. Чанд нафаре аз лашкари Куфа аз ҷумла Ҳур ибни Язиди Риёҳӣ ва Абӯшаъсо, ки дар гузашта аз гурӯҳи Хавориҷ буданд дучори тардид шуданд. Соати 9 Шимр ибни Зулҷавшан бар сари Умар ибни Саъд фарёд кашид, ки чаро ин қадар баҳона меорӣ ва ҷангро дер мекунӣ? Умар ибни Саъд ба сӯи сипоҳи имом Ҳусейн партоб кард ва бо фарёд ба лашкариёнаш гуфт: Назди Убайдуллоҳ ибни Зиёд шаҳодат диҳед, ки аввалин тирро ман парто кардам. Баъд аз тири Умари Саъд камондорони лашкари Куфа якҷоя тирандозиро оғоз карданд. Имом Ҳусейн ба ёронаш фармуд: Инҳо намояндаи ин қавм ҳастанд. Барои марге, ки чорае ҷуз пазириши он нест омода шавед. Чанд нафар аз ёрони имом Ҳусейн дар ин тирборон кушта шуданд. Соати 10 Баъд аз тирандозӣ Ясор ғуломи Зиёд ибни Абиҳ ва Солим ғуломи Убайдуллоҳ ибни Зиёд аз лашкари Куфа барои ҷанги тан ба тан берун омаданд. Абдуллоҳ ибни Умайр аз ёрони имом Ҳусейн иҷозати ҷанг хост. Имом Ҳусейн ба ӯ нигоҳе карду фармуд: Ба гумонам ҳарифи кушандае бошӣ! Абдуллоҳ ибни Умайр ба майдон рафт ва он ду нафарро кушт. Албатта ангуштони дасти чапаш бурида шуд. Баъд аз ҷанги тан ба тан ҳамлаи саросарии сипоҳи Куфа шурӯъ шуд. Аввал Ҳаҷҷор ба тарафи рости сипоҳи имом Ҳусейн ҳамла кард, аммо Ҳабиб ибни Мазоҳир ва ёронаш дар баробари ӯ пойдорӣ карда ба замин зону зада бо найзаҳо ҳамларо дафъ карданд. Ҳамзамон бо он Шимр ибни Зулҷавшан ба самти чапи сипоҳи имом Ҳусейн ҳамла кард. Зуҳайр ва ёронаш бо онҳо ҷангиданд. Худи Шимр дар ин ҳамла захмӣ шуд. Баъд аз ин ҳар ду гуруҳи лашкари Куфа аз самти росту чап ақибнишинӣ карданд Умар ибни Саъд 500 тирандоз фиристод, ки дубора сипоҳи имом Ҳусейнро тирборон карданд, ки дар асари он 23 аспи лашкар кушта ва теъдоди дигаре аз ёрони имом Ҳусейн шаҳид шуданд, аз 38 то 50 нафар гуфта шудааст. Аввалин шаҳид Абӯшаъсо буд, ки ҳашт тир андохт ва панҷ нафар аз душманро кушт. Имом Ҳусейн дар ҳаққи ӯ дуои хайр кард. Гурӯҳе аз сипоҳи таҳти фармони Шимр хостанд аз пушти сар ба имом Ҳусейн ҳамла кунанд, вале Зуҳайр бо 10 нафар ба онҳо ҳуҷум бурданд. Соати 11 Баъд аз ин ҳамлаҳо имом Ҳусейн дастур дод то ёронаш якнафарӣ ба майдон бираванд. Ёрони имом Ҳусейн қарор гузоштанд, ки то зинда ҳастанд нагузоранд касе аз Бани Ҳошим ба майдони ҷанг биравад. Яке аз нахустин касоне, ки кушта шуд пирамарди зоҳид ҷаноби Бурайр буд. Муслим ибни Авсаҷа баъд аз ӯ шаҳид шуд. Ҳабиб ибни Мазоҳир болои сари ӯ рафт ва гуфт: Кош метавонистам васиятҳои туро иҷро кунам. Муслим бо даст имом Ҳусейнро нишон доду гуфт: Васияти ман муҳофизат аз ин мард аст. Як бор ҳафт нафар аз ёрони имом Ҳусейн муҳосира шуданд ҳазрати Аббос ибни Алӣ муҳосираи онҳоро шикаст ва наҷоташон дод.

Ҳадафи қиёми Имом Ҳусейн эҳёи дин буд.

Сомонаи ТоҷикПресс фаро расидани Ошурои Ҳусайниро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад