Тоҷикистон ва Туркия тавофуқномаи ҳамкории дифоӣ имзо карданд

Вазирони дифои Тоҷикистон ва Туркия дидор ва тавофуқномае дар заминаи ҳамкориҳои дифоӣ имзо карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Шералӣ Мирзо” вазири дифои кишварамон Тоҷикистон ва “Яшар Гулен” вазири дифои миллии Туркия тавофуқномаеро дар мавриди ҳамкории дифоӣ ва протоколи иҷрои кумаки молиро ба имзо расонданд.

Бар асоси гузориши расонаҳои Туркия, имзои ин санад дар ҳошияи шонздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии арсаи дифоӣ “IDEF 2023”, ки 25 июл дар Туркия ба кори худ оғоз ва то 28 моҳи ҷорӣ идома дорад, сурат гирифт.

Бар асоси ин тавофуқнома, Тоҷикистон ва Туркия мутааҳҳид шуданд дар заминаи масоили дифоӣ ва табодули таҷрибиёт дар ҳавзаи ҳифозат аз марзҳо ва муқобила бо терроризм ҳамкорӣ кунанд.

Ин иқдом барои тақвияти амният ва сабот дар минтақаи Осиёи Марказӣ тарроҳӣ шуда ва алоқаи мутақобили ду кишвар дар тавсеаи равобити шарикиро таъйид мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки вазорати дифои кишварамон Тоҷикистон то кунун мушаххас накардааст, ки санади имзо шуда шомили чӣ бандҳое аст.

“IDEF” яке аз 10 намоишгоҳи бузурги саноеи дифоӣ дар ҷаҳон ва яке аз муҳиммтарин намоишгоҳҳои таслиҳотӣ дар Аврупо аст.

Намоишгоҳи “IDEF” фурсате барои ошноӣ бо фановарӣ ва намунаҳои навини дифоӣ дар бахшҳои мухталифи муҷтамаъи низомӣ – санъатӣ, охирин пешрафтҳои таҷҳизоти низомии пешбинӣ шуда барои содирот ба бозори таслиҳоти ҷаҳонӣ, ба шумор меравад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад