Маросими Рӯзи ғалаба дар Маскав; Путин: ҳадафи ғарб таҷзияи Русия аст+видео

Маросими Рӯзи ғалаба бо ҳузури мақомоти дастгоҳи давлатии Русия ва президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар меҳмон баргузор шуд.

Маросими рӯзи ғалаба бо ҳузури мақомоти дастгоҳи давлатии Русия ва президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар меҳмонони хориҷӣ дар Майдони сурхи шаҳри Маскав баргузор шуд. Президети Русия ба ҳамроҳи гурӯҳе аз меҳмонҳои хориҷӣ барои ширкат дар маросими гузашти пирӯзӣ ба муносибати ҳафтоду ҳаштумин солгарди пирӯзии Маскав дар Ҷанг ҷаҳонии дувум вориди Майдони сурх шуд.

Расонаҳои Русия гузориш кардаанд, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба ҳамроҳи гурӯҳе аз меҳмонҳои хориҷӣ барои ширкат дар маросими ҷашни Рӯзи пирӯзӣ ҳузур ёфтаанд.

Хабаргузории русии Спутник гузориш кардааст, ки гузашти низомии артиши Русия дар Майдони сурхи Маскав ба муносибати ҳафтоду ҳаштумин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги меҳанӣ алайҳи фашизм бо ҳузури Путин, раисҷумҳури Русия ва ҷамъе аз меҳмонони хориҷӣ оғоз шуд.

Гузориши расонаҳои русӣ нишон медиҳад, ки дар ибтидои гузашти низомӣ парчами Русия ва парчами пирӯзӣ вориди Майдони сурх шуд.

Путин дар ибтидои суханронии худ, Рӯзи пирӯзиро ба мардуми Русия табрик гуфт ва илова кард, ки ин таътилиҳо ба ифтихори падарон, падарбузургҳо ва падарбузургҳое аст, ки аз меҳан дифоъ карданд.

Вай дар ин бора гуфт: “Рӯзи пирӯзӣ муборак! Ин рӯз ба ифтихори падарон, падарбузургҳо ва аҷдодамон муборак бод; Касоне, ки номи худро бузург доштанд ва ҷовидона карданд, аз Ватан дифоъ карданд, башариятро аз нозисм ба қиммати шуҷоати беандоза ва фидокориҳои азим наҷот доданд.”

Путин сипас дар идомаи суханронии худ таъкид кард: “имрӯз, тамаддун бори дигар дар як нуқтаи олии таъйинкунанда қарор дорад.”

Раисҷумҳури Русия бо интиқод аз сиёсатҳои кишварҳои ғарбӣ гуфт: “ғарб фаромуш кардааст, ки чигуна нозиҳо шикаст хӯрданд ва акнун дар ҳоли ҳидояти Русияҳаросӣ ҳастанд. Ҳадафи Русияҳаросӣ, таҷзияи кишвар мо аст. Нухбагони ғарбӣ ба вижа будани худ эътиқод доранд ва барои ҳифзи он ба ҷанг мепардозанд.”

Путин бо ишора ба ин масъалаҳо идома дод: “ҷанги воқеӣ алайҳи Русия оғоз шудааст, аммо мо терроризмро шикаст хоҳем дод ва аз мардуми Донбасс муҳофизат хоҳем кард.”

Рӯзи ғалаба

Раисҷумҳури Русия таъкид кард: “Украина ба гаравгоне барои кудато табдил шудааст ва тамоми хонаводаҳо, қаҳрамонони ҷанги бузурги меҳанпарастонаи моро ба ёд меоваранд. Падарон ва падарбузургон бо дифоъ аз ҷаҳон дар муқобили нозисм, номҳои худро дар таърих сабт карданд. Ҳеҷ чизе қавитар аз ишқ ба ватан нест.”

Путин дар бораи ҳадафи Маскав дар ҷанги Украина гуфт: “Маскав хоҳони он аст, ки ояндае дар сулҳу озодӣ ва субот мушоҳида кунад ва барои Русия ҳеҷ мардуме душмантар дар ғарб ва шарқ вуҷуд надорад.”

Вай идома дод: “мо шоҳидем, ки чигуна дар теъдоде аз кишварҳо, биноҳои ёдбуди сарбозони Шӯравӣ бераҳмона ва бо хунсардӣ тахриб мешавад, биноҳои ёдбуди фармондеҳони бузург тахриб мешавад ва як фирқаи воқеӣ аз нозиҳо ва ҳамдастони онҳо эҷод мешавад ва хотираи қаҳрамонони воқеӣ дар ҳоли аз байн рафтан ва пок шудан аст.”

Путин бо ишора ба ин масъалаҳо гуфт: “чунин иҳонате ба шоҳкор ва қурбониёни насли пирӯз низ ҷиноят аст, як бадхоҳии ошкор аз касоне аст, ки бадбинона ва ошкоро компайни ҷадидеро алайҳи Русия тадорук дидаанд, ки барои ин кор неонозиҳоро аз саросари ҷаҳон ҷамъовар кардааст.”

Раисҷумҳури Русия сипас дар бораи ҳадафи кишварҳои ғарбӣ гуфт: “ҳадафи онҳо, ки чизи ҷадиде ҳам нест, дастёбӣ ба таҷзия ва тахриби кишвари мо ва убур аз натиҷаҳои Ҷанги ҷаҳонии дувум ва дар ниҳоят зери пой гузоштани низоми амнияти ҷаҳонӣ ва қавонини байналмилалӣ аст.”

Раисҷумҳури Русия дар идома бо ҳимоят аз амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина бо ишора ба инки кишвар ба қаҳрамонони худ ифтихор мекунад, гуфт: “кулли кишвар барои ҳимоят аз ширкаткунандагон дар амалиёти низомии вижа таҷаммӯъ карданд.”

Вай тавзеҳ дод: “мо ба ширкаткунандагон дар амалиёти вижаи низомӣ ифтихор мекунем. Ҳаркас дар хатти пеш меҷангд ва ҳаркас, ки маҷрӯҳонро наҷот медиҳад ба ҳамаи онҳо ифтихор мекунем. Акнун ҳеҷ чизе муҳимтар аз кори размии шумо нест. Амнияти кишвар имрӯз бар ӯҳдаи шумост, ояндаи кишвари мо ва мардуми мо ба шумо бастагӣ дорад.”

Путин сипас хитоб ба низомиёни Русия дар Украина гуфт: “шумо бо ифтихор вазифаи низомии худро анҷом медиҳед ва барои Русия меҷангед. Хонаводаҳо, фарзандон, дӯстони шумо пушти сари шумо ҳастанд, онҳо мунтазири шумо ҳастанд. Ман мутмаин ҳастам, ки шумо ишқи беҳадди онҳоро эҳсос мекунед. Тамоми кишвар барои ҳимоят аз қаҳрамонони мо гирди ҳам омадаанд. Ҳама ҳастанд. Барои кумак омода ҳастанд ва барои шумо дуо мекунанд.”

Тибқи гузориши РИА Новаости, дар Майдони сурх, гузашти низомӣ ба муносибати ҳафтоду ҳаштумин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги меҳанӣ бо убури сутуне аз таҷҳизоти низомӣ ба поён расид ва ин дар ҳоле буд, ки баргузоркунандагон аз баргузории гузашти бахши ҳавоӣ худдорӣ карданд.

Тибқи гузориши расонаҳои Русия, дар гузашти имсол, анвои худравҳои зиреҳӣ, партобгарҳои сомонаи падофанди ҳавоии C-400, нафарбарҳои зиреҳии btr-82a, партобгарҳои сомонаи мушакии амалиётӣ-тактикии Скандер-м, сомонаҳои мушакии мутаҳаррики заминии ёрс бар рӯи тракторҳои ҳаштмеҳвара ва ҳамчунин бетиори ҷадиди бумранг ҳузур дошт.

Бар асоси гузориши расонаҳо, Владимир путин ва Сергекй Шойгӯ, вазири дифои Русия пас аз гузашти пирӯзӣ гуфтугӯи кӯтоҳе доштанд. Сипас Путин ба ҳамроҳи вазири дифоъ бо фармондеҳони ягонҳои ширкаткунанда дар маросим гуфтугӯи ҷудогонае дошт. Пас аз он низ раисҷумҳури Русия дар ҷамъи раҳбарони теъдоде аз кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ барои бузургдошти сарбозони гумном рафт.

Владимир Путин ба ҳамроҳи шарикони худ аз кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон тоҷгулҳое бар мазори сарбози гумном дар боғи Александр Маскав гузоштанд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад