Таҳримҳои Ғарб Русияро ба зону дар намеовард

Нахуст вазири "Шри-Ланка" мегӯяд, бар асари таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, танҳо кишварҳои ҷаҳони севум мутазаррир хоҳанд шуд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “ТАС”, нахуст вазири Шри-Ланка мӯътақид аст кишварҳои ҷаҳони севум қурбонии таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ҳастанд.

“Ранил Викрам Синг”, рӯзи душанбе эълом кард, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ин кишварро ба зону дар нахоҳад овард, ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои ҷаҳони севум дар ин миён мутазаррир хоҳанд шуд.

Ин мақоми давлати Шри-Ланка дар як мизигирди байналамллӣ дар мавриди ҷилавгирӣ аз қаҳтӣ, гуфт, ки тасаввур мекунед таҳримҳо кумаке мекунад? Танҳо қиматҳоро боло мебарад. Биёед ба таҳримҳое, ки эъмол мешаванд нигоҳ кунем ва аз худ бипурсем, ки оё ин (таҳримҳо) лозим аст?

Ранил Викрам Синг, ки кишвараш ин рӯзҳо бо буҳрони ҷиддии сиёсӣ ва иқтисодӣ даст ва панҷа нарм мекунад, бори дигар таъкид кард, ки таҳримҳо Русияро ба зону дар намеовард, балки бақияи ҷаҳони севумро ба зону дар хоҳад овард.

Ба гуфтаи ин мақоми Шри-Ланкаӣ, таҳримҳо бар кишварҳое монанди Шри-Ланка таъсир мегузорд, ки умуман дастрасӣ ба маҳсулоти ғизоӣ надоранд ва тамоми онҳоро аз дигар кишварҳо ворид мекунад.

Нахуст вазири Шри-Ланка афзуд: масъалаи мо дар Шри-Ланка то ҳадде худсохта ва бахше низ ноши аз буҳрони ҷаҳонӣ аст. 6 Миллион нафар дар Шри-Ланка бо сӯи тағзия мувоҷеҳ ҳастанд.

Ранил Викрам Синг, бар ин бовар аст, ки таҳримҳои зидди русии Ғарб ва таҳаввулоти Украина боиси буҳронҳои ҷаҳонии ғизо ва сӯхт шуда аст ва мардуми ҷаҳонро гирифтор карда аст.

Ҷанг дар Украина сайли таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупоро алайҳи Русия равона кард. Таҳримҳое, ки арзаи ғллотро дар сатҳи ҷаҳонӣ мухтал карда аст ва хатари буҳрони ғизоӣ дар бсёре аз кишварҳоро афзоиш дода аст. Қимати гандум ва зуррат аз ибтидои сол рӯ ба афзоиш буда аст. Дар нишасти шӯрои амнияти Созмони Милал дар 21 май эълом шуд, ки захоири ҷаҳонии гандум танҳо даҳ ҳафта давом хоҳад дошт ва вазъияти буҳрони ғизоӣ ба маротиб бадтар аз соли 2007 ва 2008 хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад