Табрики Рустами Эмомалӣ ба собиқадорон дар Боғи Ғалаба

Дар чорабинӣ ба ҷуз аз раиси пойтахт, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ширкат доштанд

Дар Боғи Ғалабаи пойтахт маросими гузоштани гулчанбар ба ифтихори 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ба хотири гиромидошти хотираи сарбозони ҳалокшудаи кишвар омаданд.
Ҳамчунин аз номи Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, собиқадорон, намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия гулчанбарҳо гузошта шуданд.
Пас аз ин, Рустами Эмомалӣ бо собиқадорон суҳбат карда, ба онҳо табрикоти Рӯзи Ғалабаро расонд.

Бояд зикр намуд, ки пас аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ, ки он замон тақрибан чоряки шумораи умумии аҳолиро ташкил медод, ба ҷанг рафтанд.
Зиёда аз 90 ҳазор – барнагаштанд ва 54 нафар собиқадорони ҷанг аз кишвар бо ҷоизаи олӣ – Ситораи тиллои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.
Он солҳо дар Точикистон 29 дармонгоҳи кӯчонидашаванда ба кор андохта шуд, ки дар онхо даҳҳо ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ муолиҷа ва барқарор карда шуданд, қариб 40 ҳазор нафар тахлияшудагон аз манотиқи марказии СССР дар оилаҳои оддӣ ҷой дода шуданд, ки ба онҳо чун хешу табор муносибат мекарданд.

Бознашр аз сомонаи Спутник

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад