Рӯзноманигори фаронсавӣ дар шарқи Украина кушта шуд

Расонаҳои фаронсавӣ аз ҷон бохтани рӯзноманигори хабаргузории "Франс Пресс" дар ҷараёни бомбаборони ҳавоӣ дирӯз дар наздикии шаҳри "Часияр" наздики шаҳри "Бахмут" дар шарқи Украина хабар доданд.

Пойгоҳи хабарии “Ал-Аҳд” бомдоди чаҳоршанбе ба нақл аз хабаргузории Фаронса эълом кард: як гузоришгари видёӣ хабаргузории байналмилалии Франс Пресс рӯзи сешанбе дар асари шиллики ракет дар наздикии шаҳри Часияр дар наздикии шаҳри “Бахмут” дар шарқи Украина кушта шудааст.

Бар асоси эъломи ин расона, номи ин хабарнигор “Арман Солдин” эълом шудааст. Ин хабарнигор барои Франс Пресс кор мекард.

Арман Солдин 32 сола, ҳамоҳанг кунандаи видёӣ хабаргузории Фаронса барои пӯшиши хабарии ҷанги Украина буд.

Бар асоси эъломи ду созмони «Гузоришгарони бидуни марз» ва «Кумитаи муҳофизат аз хабарнигорон», дасти кам 11 хабарнигор ва корманди расона дар зимни пӯшиши хабарӣ аз ҷанги Украина ва Русия кушта шудаанд.

Моҳҳост даргирӣ дар шаҳри Бахмут, ки дар бахши таҳти кантроли Киев дар минтақаи Донетски Донбасс қарор дорад ва маркази логистикӣ ва техникии калидӣ барои таъмини таҷҳизоти Украина буда, дар ҷараён аст. Маскав дар ҳоли ҳозир бештари бахшҳои Бахмутро таҳти кантрол дароварда, аммо неруҳои украинӣ ҳамчунон бахши кӯчаке аз ғарби ин шаҳрро дар кантрол доранд.

Аз замони оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар феврали соли гузаштаи мелодӣ кишварҳои ғарбӣ ба хусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ташдиди фишори таҳримҳо алайҳи Русия ва ирсоли анвоъи таслиҳот ба Украина танҳо бар оташи нооромиҳо дар Украина доман задаанд.

Русия дар 24 феврали соли гузаштаи мелодӣ амалиёти вежаи низомии худ дар Украинаро бо ҳадафи ғайринизомӣ ва нозизудоӣ кардан ин кишвар оғоз кард. Ин иқдоми Русия дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар чораи дигаре дар баробари Маскав дар муқобила бо сиёсатҳои хасмонаи ғарб ва эътилофи низомии НАТО намонда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад