Сабаби тирандозӣ дар сафорати Боку дар Теҳрон

Субҳи ҷумъаи 27-уми январ дар сафорати Боку дар Теҳрон ҳодисаи тирандозӣ рух дод.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба иқдоми талху ногувори тирандозӣ дар сафорати Боку дар Теҳрон хостори расидагии ҳарчи сареътар ба ин ҳодиса шуд ва бар ҳаллуфасли фаврии ин руйдоди талх таъкид кард.

Таҳиқиқоти авалия ҳикоят аз он дорад, ки фарди зориб, ки аз аҳолии шаҳри Маранди Эрон аз шаҳрванди Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамсар баргузида буд бо ангезаи шахсӣ ба сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон ҳамла кардааст.

Дар ҳамин иртибот генерал Ҳусейни Раҳимӣ, раиси полиси Теҳрон эълон кард: Фарде, ки бо силоҳи гарм ба сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон ҳамла карда буд дастгир шудааст ва таҳқиқот аз вай идома дорад.

Генерал Раҳимӣ таъкид кард: Дар таҳқиқоти авалия фарди муҳоҷим ангезаи худро мушкилоти шахсӣ ва хонаводагӣ эълон кардааст.

Гуфта мешавад ҳамсари ин фард аз моҳи марти соли гузашта ба манзури сафар ба кишвари худ ба маҳали сафорат муроҷиъа кард, аммо дигар аз вай хабари нашуда аст ин ки чигуна ҳамсари ин фард бедуни иҷоза ва иттилоъи шавҳараш аз кишвар хориҷ ва ба Ҷумҳурии Озарбойҷон бозгашта ибҳоме аст, ки дар ин замина вуҷуд дорад.

Носири Канъонии Чофӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни ибрози ҳамдардии амиқ бо хонаводаи узви кушта шудаи сафорат ва ибрози ҳамдарди бо давлат ва миллати мусалмони Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфта аст: Неруҳои интизомӣ ва амниятӣ билофосила вориди амал шуданд ва фарди зорибро дастгир карданд, ки ҳамакнун дар ҳоли бозҷуи аз вай ҳастанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар идома таъкид кард ин мавзуъ бо авлавият ва ҳасосияти боло дар ҳоли баррасӣ мебошад то абъоди ин иқдом ва ангезаи зориб мушаххас шавад.

Канъони ҳамчунин таъкид кард: Натиҷаҳои авалияи мақомот ва дастгоҳҳои зирабт ҳикоят аз ангезаи шахсӣ дар баробари ин иқдом аст лизо бо таваҷуҳ ба вуруди фаврии дастгоҳҳо ва ниҳодҳои зирабти интизомӣ, амниятӣ ва қазоӣ тавсия мегардад расонаҳо аз интишори ахбори ғайри мувасақ ва гумоназаниҳо дар ин робита иҷтиноб намоянд.

Вазорати умури хориҷаи Ҷумуҳрии Исломии Эрон ҳамчунин аз маҷруҳин ва садамадидагони ин ҳодисаи талх дар бемористон аёдат карда аст.

Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сурати расми маротиби таслияти амиқи худро ба хонаводаи узви кушташудаи сафорат, давлат ва миллати мусалмон ва ҳамсояи Ҷумҳурии Озарбойҷон эълом ва бар расидагии дақиқ ва фаври ба абъоди мухталифи ин ҳодисаи талх таъкид карда аст.

Дар ҳоли ҳозир бар асоси изҳороти фарди муҳоҷим ва ҳамчунин баррасиҳои фани анҷомшуда ангезаи шахси ва ғайрисиёси омили ин ҳодисаи таъасуфовар буда аст илова бар ин баррасиҳои фанни ва дақиқ барои таъини абъоди ин ҳодиса бо ҳамоҳангии масъулини сиёсии Теҳрон ва Боку идома дорад ва натиҷаҳои расидагӣ эълом хоҳад шуд.

Дар як ҷамъбанди бояд гуфт бо таваҷуҳ ба азми Ҷумуҳрии Исломии Эрон барои расидагии дақиқи ин мавзуъ бо парҳез аз ҳаргуна шитобзадагӣ ва вокунишҳои насанҷида беҳтар аст то мушахас шудани комили ин руйдоди таасуфбор аз тарафи итиҳомҳои бемаврид худдори шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад