Барои рӯёрӯӣ мустақим бо Русия омодаем

Раиси кумитаи низомии НАТО гуфт ин иттиҳодияи ғарбӣ таҳти раҳбарии Амрико барои рӯёрӯӣ мустақим бо Русия омодаги дорад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Роб Боэр”, раиси кумитаи низомии НАТО дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “RTP”, Португалия гуфт: ин иттиҳодияи таҳти раҳбарии Амрико барои рӯёрӯӣ мустақим бо Русия омодааст.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, ӯ дар посух ба саволе дар ин хусус таъкид кард: «омодаем» ва афзуд бо ин вуҷуд НАТО танҳо дар сурате посух хоҳад дод, ки Русия бо ҳамла ба яке аз кишварҳои узв аз хатти қирмиз убур кунад.

Ин мақоми низомӣ таъкид кард НАТО бояд омодагии бештаре дошта бошад зеро дар ҳоли ҳозир Русия ибтикори амали низомиро дар даст дорад. Ӯ гуфт: ин воқеият, ки душмант таслиҳоти беҳтаре дорад, мушкили душман нест. Мушкили туст.

Тибқи ин гузориш, дар ин мусоҳиба ҳамчунин мавзӯи муаррифии иқтисоди замони ҷанг, аммо дар замони сулҳ матраҳ шуд, ки Роб Боэр изъон кард, ки ин фароянд душвор хоҳад буд.

Кишварҳои НАТО ба раҳбарии Амрико ахиран кумакҳои таслиҳотӣ ба Украинаро ташдид кардаанд, ки бо вокуниши сахти Маскав мувоҷеҳ шудааст. Русия дар пайи эъломи тасмими Вашингтон ва Берлин барои ирсол танк ба Украина ҳушдор дода, ки ин танкҳо монанди соири таслиҳоти ирсолии НАТО дар оташи неруҳои артиши Русия хоҳад сӯхт ва борҳо гуфта, ки ин иқдомот ба маънои мушорикати мустақим дар ҷанг алайҳи Маскав аст.

Дмитрий Медведев, муовини шӯрои амнияти Русия шанбе дар интиқод аз ирсоли густурдаи силоҳ ба Украина барои муқобила бо артиши Русия изҳор дошт: бархе аз вазирони дифоъ аз ҷумла вазири дифои Италия, арзаи худравҳои зиреҳӣ ва соири силоҳ ба Украинаро роҳе барои ҷилавгирӣ аз вуқӯъи ҷанги ҷаҳонии севум донистаанд. Онҳо мегӯяанд тамоми таслиҳоте, ки НАТО дорад бояд ҳамакнун дар ихтиёри Киев қарор гирад аз ҷумла ҷангандаҳо ва садҳо танк ва сомонаҳои мушакии дурбурд. Ин танҳо роҳ барои садди роҳи Русия ва ҷилавгирӣ аз ҷанги ҷаҳонӣ аст.

Вай идома дод: аввал инки ҳифозат аз Украина, ки ҳеҷ кас дар Аврупо ба он ниёз надорад, дунёи қадимиро аз муҷозот наҷот нахоҳад дод. Дувум инки агар ҷанги ҷаҳонии севум шурӯъ шавад, на рӯи танк ва на ҳатто ҷангандаҳо наметавон ҳисоб кард. Пас ба яқин ҳама чиз нобуд хоҳад шуд.

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлати Русия низ гуфта, ирсоли таслиҳот ба Украина тавассути Иёлоти Муттаҳида ва НАТО барои ҳамалот ба Русия ба истифодаи талофиҷӯёна аз таслиҳоти қудратмандтар мунҷар мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад