Идомаи эътирозҳо ба беҳурматии Қуръони Карим: Мусулмонони Англис парчами Данияро оташ заданд

Дар идомаи эътирозот ба моҷарои беҳурматии Қуръони Карим дар кишварҳои муддаӣ озодии баён, гурӯҳе аз мусулмонон муқобили сафорати Шветсия дар Лондон таҷаммӯъ карданд ва парчами Данияро оташ заданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, гурӯҳе аз мусулмонони сокини Лондон дар эътироз ба иқдоми мақомҳои Шветсия дар судури муҷаввизи беҳурматиӣ ба Қуръони Карим, авоили рӯзи гузашта (шанбе) дар муқобили сафорати Шветсия дар Лондон тазоҳурот барпо карданд.

Видёҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст, ки нишон медиҳад, ки гурӯҳе аз мусулмонон дар муқобили сафоратхонаи Шветсия дар Лондон таҷаммӯъ карданд ва хостори муҷозоти беҳурмати кунандагони ба Қуръони Карим шуданд ва ба беамалии давлати Шветсия дар муқобили ифротгароёне, ки Қуръонро муқобили сафорати Туркия дар Шветсия сӯзонданд, эътироз карданд.

Тасовире, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст, ҳамчунин нишон медиҳад, ки мусулмонони мӯътариз парчами Дания ва Шветсия ва тасвири “Расмус Палудан”, раҳбари ҳизби рости ифротии Данияи “ифротӣ” (Hard Line), ки Қуръонро муқобили сафорати Туркия дар Стокголм ба оташ кашида будро низ ба нишонаи эътироз оташ заданд.

Тазоҳурот дар муқобили сафорати Шветсия дар Лондон дар ҳоле баргузор шудааст, ки ду рӯз пас аз беҳурматӣ Қуръони Карим дар Шветсия, ки қаблан ҳам масбуқ ба собиқа буд, ин иқдоми ҳаттокона дар Нидерланд такрор шуд ва ахиран ҳам ин иқдоми бешармона дар Дания рух дод.

Рӯзи шанбе 21 январ, теъдоде аз гурӯҳҳои ифротӣ дар иқдоми бешармона иқдом ба оташ задани Қуръони Карим дар муқобили сафорати Туркия дар Стокголм карданд. Сухангӯи полиси Шветсия ҳам дар иқдоми исломситезона унвон кард, ки ба раҳбари ислом ситези ҳизби рости ифротии Стром Корс, Дания иҷоза дода то дар роҳпаймоӣ муқобили сафорати Туркия, Қуръонро бисӯзоанад.

Ин иқдом вокуниши сахти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаҳон ислом ва ҳатто бархе аз кишварҳои ғайри мусулмонро ба ҳамроҳ дошт. Вазири хориҷаи Кувейт ин иқдоми бешармонаро маҳкум кард ва Марокаш, Индонезия, вазорати хориҷаи Амороти арабии муттаҳида, Урдун ва Арабистони Саудӣ, дабири кулли шӯрои ҳамкории халиҷи Форс низ ба ин иқдоми иҳонатомез вокуниши сахте нишон доданд. Раиси маҷлиси намояндагони Урдун ҳам хостори узрхоҳии Шветсия шуд. Дар Афғонистон низ ба ин иқдом ҳаттокона вокуниш сахте нишон дода шуд.

Дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ин иқдоми ҳаттоконаро ба шиддат маҳкум кард ва онро як иқдоми хасмона алайҳи Ислом ва мусулмонон хонд. Илова бар ин, ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳам эълом кард, ки наметавон дар баробари чунин иқдоми қабеҳи сукут кард ва дар баёнияе масъулияти ин иқдоми қабеҳро бар уҳдаи давлати Шветсия хонд ва аз ин кишвар хост фавран барои муҷозоти омилон ва ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҷинояте иқдом кунад. Раҳбари ҷунбиши Ансоруллҳи Яман ҳам дар изҳороте зимни таъкид бар инки Қуръони Карим, шараф ва иззати мусулмонон аст, хотирнишон кард: сукути кишварҳои мусулмон дар қиболи оташ задани он, ҷинояти бузург, ғафлати ошкор ва чашмпӯшии комил аз масъулият аст.

Илова бар ин, ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ҳам дар баёнияе зимни маҳкум кардани ин иқдом, аз Шветсия хост, ки аз тамоми мусулмонони ҷаҳон узрхоҳӣ кунад. Ал-Азҳари Миср, низ зимни маҳкум кардани иҳонат ба Куръони Карим дар Стокголм, хостори иҷрои таҳқиқоти фаврӣ дар ин хусус шуд. Муфтии Яман ҳам аз кишварҳои мусулмон хост, ки равобити дипломатики худро бо Шветсия ва тамоми кишварҳое, ки ошкоро бо муқаддасоти исломӣ душманӣ мекунанд, қатъ кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад