Хатари нуфузи гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ

Раис ҷумҳури Русия бо ишора ба печидагии вазъияти мавҷуд дар Афғонистон, хатари нуфузи гурӯҳҳои мухталифи террорист аз ин кишвар ба қаламрави кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Ҷамъиро имконпазир донист.

 

Раис ҷумҳури Русия бо ишора ба печидагии вазъияти мавҷуд дар Афғонистон, хатари нуфузи гурӯҳҳои мухталифи террорист аз ин кишвар ба қаламрави кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Ҷамъиро имконпазир донист.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия зимни суханронӣ дар нишасти Сарони Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, ки дар шаҳри «Ереван» пойтахти Арманистон баргузор шуд, бо печида унвон кардани вазъияти Афғонистон, хатари нуфузи гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ба қаламрави кишварҳои узви ин созмонро имкон пазир донист.

Вай изҳор дошт: Ман шарики нигарониҳои сарони кишварҳои ҳозир дар нишаст ҳастам, ки дар мавриди вазъияти Афғонистон сӯҳбат карданд, бидуни тардид хатари нуфузи шибҳинизомиёни созмонҳои террористии мухталифи байналмилалӣ ба хоки кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ҳамчунон зиёд аст.

Вай идома дод: Ҳамчунин густариши идологияи ифротгароӣ дар миёни ҷамъияти кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари фаъол шудани фаъолитҳои ифротии зерзаминиро дар минтақа афзоиш медиҳад. Ин дар воқеъ барои ҳамаи кишварҳои мо сидқ мекунад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо таваҷҷӯҳ ба шароити мавҷуд таъкид кард: ҳамоҳангии бештар дар мавриди тамоми ҷанбаҳои калидии масъалаи Афғонистон дар чорчуби Созмони Паймони Амнияти Ҷамъиро мавриди ниёзи ҷиддӣ медонем. Ба манзури шиносоӣ ба мавқеи таҳдидоти терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноёти муртабит бо маводди мухаддир, бояд ҳамкориҳои наздики ниҳодҳои зисилоҳ идома  ёфта ва албатта ин таҳдидот бо кумаки амалиёти вижаи муштарак ва иқдомоти амалиётие, ки корои онҳо собит шуда хунсо шаванд.

Владимир Путин, идома дод: Дар чорчуби соири созукорҳои чанд ҷониба низ ба одӣ шудани авзоъ дар Афғонистон кумак хоҳем кард.

Вай бо ишора ба баргузории нишасти “Формати Маскав”, бо ҳузури намояндагони Русия, Чин, Покистон, Эрон, Ҳинд ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳафтаи гузашта, тасреҳ кард: вазифаи аввалавият дор дар ин марҳала тазмини ташкили як давлати воқеан фарогир дар Афғонистон аст, ки шомили ҳузури намояндагони тамоми ақвом дар сатҳи лозим хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад