Таъкиди Раҳмон ба аҳамияти таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии СПАД масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии СПАД бори дигар аз аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СПАД ёдовар шуд.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст президенти кишвар бо натиҷагирӣ аз давраи раёсати Арманистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Сарвазири ин кишвар Никол Пашинян барои ташкили сатҳи баланди тадорукотии кори ҷаласа ва иҷрои корҳо дар давраи раёсат дар Созмон изҳори сипос намуда, Президенти Беларус муҳтарам Александр Лукашенкоро ба муносибати қабули раёсат дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз фаъолияти пурсамари Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас таъкид намуда, ба роҳбари навтаъини Созмон Имангали Тасмагамбетов барори кор орзу намуд.

Қайд карда шудааст, ки аз рӯйи натиҷаи кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва як қатор санадҳои дигар қабул карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки 23 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Арманистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) иштирок ва суханронӣ кард.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон таҳти раёсати Сарвазири Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Никол Пашинян дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, кори он бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.

Дар кори ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро баррасӣ карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад