Шаҳодати ду ҷавони фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ

Расонаҳои фаластинӣ аз шаҳодати ду ҷавони фаластинӣ тавассути тарандозии низомиёни Исроил хабар доданд.

Ду ҷавони фаластинӣ асри рӯзи гузашта, ки бар асари тирандозии низомиёни саҳюнистӣ дар Наблус, шимоли Каронаи Бохтарӣ маҷрӯҳ шуда буданд, ба шаҳодат расиданд.

Бар асоси гузориши Вазорати тандурустии Фаластин, аз ибтидои соли равон то ҳол 202 фаластинӣ ба дасти ишғолгарони яҳудӣ ба шаҳодат расидаанд.

Рӯзи гузашта низ низомиёни саҳюнистӣ барои таъмини амнияти шаҳракнишинон иқдом ба тирандозӣ ба самти фаластиниҳо карданд, ки дар пайи он як наврас ба шаҳодат расида ва теъдоде ҳам захмӣ шуданд.

Тайи чанд моҳи охир ҳамлаҳои низомиёни саҳюнист ба шаҳрҳои Каронаи Бохтарӣ ва боздошту ба шаҳодат расондани фаластиниҳо ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Режими яҳудии Исроил ҳамеша аз рӯйдодҳое ба монанди Ҷоми Ҷаҳонӣ, ки таваҷҷӯҳи мардуми дунёро ба худ ҷалб мекунад суи истифода карда таҷовузҳои худро афзоиш додааст, аммо имсол бисёре аз мусулмонони ҷаҳон талош кардаанд, ки ин ҷом сабаби фаромушии миллати Фаластин, ки чандин даҳааст зери зулму таҷовузи яҳуд ҳаст, нашавад.

Миллионҳо мусулмони фаластинӣ даҳҳо сол аст, ки таҳти шароити низомӣ зиндагӣ мекунанд ва ҳар рӯз шоҳиди нақзи ҳуқуқи худашон ҳастанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчунон дар баробари иқдомоти золимонаи Исроил сукут кардааст, ки ин ба маънои ризоят аз иқдомоти режими ишғолгар дар сарзамини фаластин аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад