Русия мизбони нишасти мақомоти аршади СПАД, СҲШ ва Ҳамсуд

 Даҳумин даври нишасти ғайрирасмии мақомоти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Ҳамсуд ва Созмони Ҳамкории Шангҳай ба мизбонии Русия дар Маскав баргузор мешавад.

Ба нақл аз Avesta, таомул байни Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, кишварҳои Ҳамсуд ва Созмони Ҳамкории Шангҳай дар даҳумин нишасти ғайрирасмии мақомоти аршади ин сохторҳо дар Маскав мавриди баҳс ва баррасӣ қарор мегирад.

Даҳумин даври нишасти ғайрирасмии мақомоти аршади Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ ва Созмони Ҳамкории Шангҳай ба мизбонии Русия дар Маскав баргузор мешавад.

Дар паёму иттилоияи баргузории ин нишаст ба мизбонии Федератсияи Русия чунин омадааст, ки дар чорчуби ин нишаст Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Сергей Лебедов, дабир иҷроии кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ ва Жонг Минг, дабири кулли Созмони Ҳамкории Шангҳай таомул байни се созмони байналмилалии минтақаии бузург ва ҳамчунин масоил дар заминаи амният дар фазои АвруОсиё, баррасӣ мешавад.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шомили кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия аст.  Раванди узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Созмони Ҳамкории Шангҳай терамоҳи сол гузашта шурӯъ ва дар нишасти ин созмон, ки дар 15-уми сентябри имсол дар Самарқанд баргузор шуд, Теҳрон санадеро марбут ба тааҳҳудоти худ дар Шангҳай ба имзо расонд.

Иттиҳоди кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ (Ҳамсуд) дар ҳоли ҳозир кишварҳои Русия, Беларус, Узбакистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдоваро муттаҳид мекунад.

Созмони Ҳамкории Шангҳай муташаккил аз 8 кишвар мебошанд, аз ҷумла Русия, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Узбакистон аст. Кишварҳои Беларус, Афғонистон, Эрон ва Муғулистон дорои вазъияти нозир ва кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шриланка шарикони гуфтгӯи ин созмон ҳастанд. СҲШ созмонест байниҳукуматии доимамалкунандаи чандҷониба дар соҳаҳои иқтисод, амният ва фарҳанг, ки бар асоси оинномавии Созмон, ки 7 июни соли 2002 қабулшуда фаъолият мекунад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ русӣ ва хитоӣ ба ҳисоб мераванд.

ИДМ  ҳам аз тарафи Беларус, Русия ва Украина асос гузошта шудааст. Дар аҳдномаи дар бораи созиши ИДМ, ки рӯзи 8 декабри соли 1991 дар Минск имзо шудааст, ин кишварҳо навиштанд, ки СССР дар ҳолати пош хӯрдан аст, ва эълон кардан, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳоро тараққӣ хоҳанд дод. 21 декабри соли 1991 ба ин Созишнома Озорбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ҳамроҳ шуданд, ки бо Беларус, Русия ва Украина дар Алма-Ато Эъломияи мақсадҳо ва принсипҳои ИДМ-ро имзо карданд

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад