Баёнияи гурӯҳи 20 алайҳи Русия; “Хостори поёни ҷанг ҳастем”

Гурӯҳи 20, дар баёнияи поёнии нишасти худ зимни маҳкум кардани Русия бобати ҷанг алайҳи Украина, таваққуфи ин ҷангро хостор шуд.

 

Гурӯҳи 20, дар баёнияи поёнии нишасти худ зимни маҳкум кардани Русия бобати ҷанг алайҳи Украина, таваққуфи ин ҷангро хостор шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Гурӯҳи 20 дар поёни нишасти ин гурӯҳ ба мизбонии Бали дар Индонезия тайи баёнияи муштарак, ҳамлаи Русия ба Украинаро башиддат маҳкум кард.

Манобеи расонаӣ аз Индонезия хабар доданд, ки нишасти ду рӯзаи сарони Гурӯҳи 20 рӯзи чаҳоршанбе (имрӯз) бо интишори баёнияе ба кори худ поён дод.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, дар ин баёния, ки мавриди таъйиди аксари кишварҳои узви Гурӯҳи 20 қарор гирифт, «таҷовузи Русия ба Украина» маҳкум шудааст.

Дар бахше аз баёнияи поёнии нишасти Гурӯҳи 20 дар Балии Индонезия бо ишора ба ҷанги Украина омада, ки қавонин ва ҳуқуқи байналмилалӣ бояд мӯҳтарам шумурда шавад ва таҳдид ба истифода аз силоҳи атомӣ, ғайриқобили қабул аст.

Дар ин баёния омадааст: «бисёре аз аъзо ҷанги таҷовузкоронаи ғайриқонунӣ, ғайриқобили тавҷеҳ ва беасоси Русия алайҳи Украинаро ба шиддат маҳкум карданд ва хостори поёни ҷанг шуданд».

Сарони Гурӯҳи 20 ҳамчунин аз эҳёи тавофуқи ғаллот байни Русия ва Украина бо миёнҷигарии созмони Милал ва Туркия истиқбол карданд.

Онҳо ҳамчунин нигаронии худашонро дар бораи осебҳои ворида ба зерсохти ҳаётии беҳдоштӣ, талафот ғайринизомиён ва коркунони пизишкӣ ва дармонӣ дар натиҷаи ҷанги Украина иброз доштанд.

Тибқи баёнияи Гурӯҳи 20, ҷанги Украина ба иқтисоди ҷаҳонӣ осеб задааст ва банкҳои марказии кишварҳои узв, мутаносиб бо шароит ба танзими сиёсатҳои пулии сахтгирона идома медиҳанд.

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал, ки барои ширкат дар нишасти Гурӯҳи 20 ба Индонезия сафар кард, дар изҳороти ҳушдоромезе гуфт, ки «воқеан ҳаётӣ аст, ки аз ташдиди ҷанг дар Украина ҷилавгирӣ шавад».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад