Афзоиши теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Амури Русия

Як минтақаи дигари Русия аз афзоиши теъдоди муҳоҷирон гузориш додааст.

Як минтақаи дигари Русия аз афзоиши теъдоди муҳоҷирон гузориш додааст.

Аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон вориди ин минтақаи Русия шудаанд.

Миёни онҳое, ки дар 9 моҳи соли 2022 ба вилояти Амури Русия омадаанд, теъдоди асосиро муҳоҷирон аз Тоҷикистон ташкил медиҳанд, хабар медиҳад Амурстат.

Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз аввали сол ба ин минтақа ворид шудаанд, тақрибан 39% ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Пас аз тоҷикон шаҳрвандони Қирғизистон – 23% ва Арманистон – 16% қарор гирифтаанд.

дар вазорат гуфтанд :

“Дар аксар маворид онҳое, ки аз хориҷа омадаанд, муҳоҷирони кории мавсимӣ ҳастанд”.

Аҳолии доимии вилояти Амур 767,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз аввали сол теъдоди аҳолӣ 5,4 ҳазор нафар кам шудааст. Коҳиш ба фавт 60% ва хуруҷи муҳоҷирон 40% рабт дода мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар давоми даҳ рӯз ба муҳоҷирони корӣ дар Ёқутистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ироа мешавад.

Машварат аз соати 10-00 то 13.00 дар хонаи ҷамъиятии кӯчаи Курашова 24 гузаронда мешаванд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Маоши муҳоҷирони корӣ дар он бахшҳое, ки фаъолият доранд, афзоиш ёфтаст ва мутаносибан ҳаққи патент дар Маскав низ боло бурда мешавад, гуфт шаҳрдорӣ.

Шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин арзиши патентро барои муҳоҷирони корӣ дар соли 2023 тасдиқ кард.

Бар асоси қарори шаҳрдорӣ, соли оянда муҳоҷиронро зарур меояд, барои патент моҳе 6,6 ҳазор рублро пардохт намоянд. Соли равон ин нишондиҳанда ба 5,9 ҳазор рубл дар як моҳ баробар мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки шаҳрвандони чаҳор кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Молдова ва Озарбойҷон барои кор дар Русия патент мегиранд, ки қисми зиёдашон ба шаҳру вилояти Маскав рост меояд.

Қаблан мақомдори бахши рушди иқтисоди Маскав, Даря Мурченко изҳор дошт, ки соли 2022 маоши расмии муҳоҷирон дар бахшҳое, ки фаъолият доранд ҳудуди 11,5% афзоиш ёфт ва мутаносибан ҳаққи патент низ боло бурда мешавад.

Интизор меравад, ки аз ҳисоби болоравии нархи патент дар Маскав буҷаи пойтахти Русия даромади иловагӣ ба андозаи 3 млрд рубл гирад. Таъкид мегардад, ки ҳамин тариқ сарбории андозии муҳоҷирони корию шаҳрвандони муқимӣ баробар карда мешавад.

Қаблан хабар дода шуд, ки нархи патент дар минтақаи маъруфи дигар миёни муҳоҷирон – шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград аз 4200 то 4400 боло бурде мешавад. Дар вилояти Самара ҳаққи патент, ки феълан ҳудуди 4,4 ҳазор рубл аст, то 5,7 ҳазор рубл боло меравад.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад