Ҳамлаи сипоҳи ҶИЭ ба мақари гурӯҳакҳои террористӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ

Бо афзоиши таҳаррукоти зиддиэронии гурӯҳакҳои террористии ҳозир дар минтақаи Курдистони Ироқ, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон даври ҷадиде аз ҳамлаҳоро алайҳи ин гурӯҳак анҷом дод.

Минтақаи Курдистони Ироқ дар муҷовирати ҷуғрофиёии Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад. Ин минтақа ба маҳалле барои ҳузури гурӯҳакҳои мутааддиди террористӣ ва таҷзияталаби зидди Эрон табдил шуд. Аз сӯи дигар дар солҳои ахир, ҳузуру нуфӯзи режими саҳюнитӣ низ дар минтақаи Курдистон афзоиш ёфтааст.

Ба иборати дигар ду душмани Ҷумҳурии Исломии Эрон, яъне гурӯҳакҳои террористӣ ва режими саҳюнистӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ ҳузур доранд ва алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолият мекунанд.

Ин вазъият заминаи тамаркузи бештари Ҷумҳурии Исломии Эрон бар минтақаи Курдистони Ироқро фароҳам кардааст. Бо вуҷӯди инки Ҷумҳурии Исломии Эрони борҳо ба давлати маҳаллии Арбил барои посух ба дағдағаҳои амниятии Ҷумҳурии Исломии Эрон тазаккур дод, аммо аз сӯи Арбил посухе ба ин дағдағаҳои амниятии Эрон дода нашуд.

Дар канори ин шароит, бархе рухдодҳо дар дохили Эрон низ ба бистаре барои фаъолиятҳои зиддиэронии гурӯҳакҳои террористии муқими Курдистони Ироқ табдил мешавад. Гурӯҳакҳое назири Кумула ва Пежок, ки ҳузури пурранге дар минтақаи Курдистони Ироқ доранд ва ҳамчунин дар дохили Эрон низ нуфӯз доранд дар ҷиҳати эҷоди ошӯбу иғтишош дар Эрон фаъолият карданд.

Мутобиқи бархе гузоришҳо дар иғтишошҳое, ки дар рӯзҳои ахир дар Эрон ҷараён дошт ин гурӯҳакҳои террористӣ авомили худро дар дохили Эрон басиҷ карда ва зимни интиқоли силоҳ ба дохили Эрон дар пружаи куштасозии дохили Эрон ва ҳамчунин тахриби амволи умумӣ нақш ифо карданд.

Илова бар ин, омӯзиши неруҳои ошӯбсоз низ дар дохили минтақаи Курдистони Ироқ тавассути ин гурӯҳакҳои террористӣ анҷом мешавад ва ин нерӯҳо пас аз омӯзиш вориди Эрон мешаванду алайҳи амнияти миллии кишвар ба хусӯс дар манотиқи марзӣ иқдом мекунанд.

Тамаркузи фаъолияти террористҳои муқими минтақаи Курдистон, аз ҷумла Кумула ва Пежок сирфан дар манотиқи марзии курднишини Эрон набуда ва ҳатто дар манотиқи марказӣ ва шимолии кишвар низ ҳузур доранд. Ин авомили нуфӯзӣ рўидодсозӣ дар бистари фаъолиятҳои эътирозӣ дар Эронро пайгирӣ карда ва зимни эҷоди ошӯб ва ҳарҷу мараҷ, саъй дар таҳрики афкори умумӣ алайҳи ҳукӯмат доранд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъият, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ даври ҷадиде аз ҳамлаҳоро алайҳи гурӯҳакҳои террористии мустақар дар минтақаи Курдистони Ироқ оғоз кард.

Равобити умумии нерӯи заминии сипоҳ дар иттилоъияе эълом кард, ки пас аз ҳушдорҳои лозим ба мақомоти иқлими шимоли Ироқ мабнӣ бар барчидани бисоти фаъолиятҳои гуруҳҳои террористии зидиэронии вобаста ба истикбори ҷаҳонӣ дар минтақаи худ ва беэътиноӣ нисбат ба ин хостаи машрӯъ ва қонӯнӣ, ки бо истимрори ҳузури гурӯҳакҳои террористӣ ва таарруз ба манотиқи марзии Ҷумҳурии Исломии Эрону мавриди ҳамла қарор додани бархе пойгоҳҳо ва посгоҳҳои марзии Эрон ва ҳамчунин пуштибонӣ аз ошӯбҳои ахир ҳамроҳ будааст, ҳамла алайҳи гурӯҳакҳои террористӣ анҷом шуд.

Дар иттилоъияи неруии заминии сипоҳ омадааст: Таъкид мегардад, ин амалиёт то дафъи муассири таҳдиду барчида шудани мақарҳои гурӯҳакҳои террористӣ ва иқдоми мақомоти иқлим ба тааҳҳудоту масъӯлиятҳои худ, бо қотеъият идома хоҳад дошт.

Ба иборати дигар, ҳамлаҳои сипоҳ алайҳи гурӯҳакҳои террористии мустақар дар минтақаи Курдистон ҳам дифои машрӯъ аз амнияти миллии Эрон аст ва ҳам буъди мубориза бо терроризм дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад