Ҳушдори сафорати Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Аз тоҷикистониён даъват карда шудааст, ки ба асноди қалбакӣ дар атрофи сафарбаркунии хориҷиён ба артиш бовар накунанд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон асноди паҳншуда дар бораи гӯиё даъвати шаҳрвандони хориҷиро ба артиш дар доираи басичи нисбӣ сохта хонд. Аз тоҷикистониён даъват карда шудааст, ки ба асноди қалбакӣ дар атрофи сафарбаркунии хориҷиён ба артиш бовар накунанд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо нашри муроҷиатнома дар “Telegram”-и расмӣ зикр намуд, ки дар интернет маводе паҳн мешаванд, ки гӯё ин басичи нисбӣ ба муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ низ дахл дорад.

Аммо ин иттилоъ ба воқеият рабте надорад ва ба хотири тира сохтани равобити Маскав бо кишварҳои дигар роҳандозӣ гардидаст, таъкид намуд манбаъ.

Дар паём омадааст: “Мо аз шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, аз ҷумла тоҷикистониён даъват мекунем, ки ба иғвоҳои мухталиф дода нашаванд ва танҳо ба маълумоти расмӣ такя намоянд”.

Ёдовар мешавем, ки Русия аллакай қонунеро қабул кардааст, ки бар асоси он ба хориҷиёне, ки барои хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ФР ба муҳлати на камтар аз як сол шартнома мебанданд, шаҳрвандӣ бо тартиби соддашуда ироа мегардад.

Дар ин сурат муҳоҷирон метавонанд бидуни пешниҳоди санади иҷозаи иқомат ва бидуни ҳузури бетанаффуси 5-сола дар қаламрави Русия барои дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд.

Қаблан Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт, ҳукумати шаҳр дар маркази бисёрманзураи бахши муҳоҷиратии Сахарово инфрасохтори муносиберо барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба хидмати низомӣ фароҳам хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ низоми соддакардашуда барои шаҳрвандони Украина, Молдова ва Қазоқистон амал мекунад. Аз нимаи моҳи июли соли 2021 шаҳрвандони кишварҳои зикршуда ҳақ доранд, ки бидуни квота иҷозаи иқомат гиранду сипас шаҳрвандии ФР-ро соҳиб шаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад