Макрон ба Зеленский: Таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия эъмол мекунем

Раиси ҷумҳури Фаронса дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки ин кишвар бо ҳамкории дигар кишварҳои аврупоӣ, таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия эъмол хоҳад кард.

 

Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки ин кишвар бо ҳамкории дигар кишварҳои аврупоӣ, таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия эъмол хоҳад кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Эмануел Макрон”, раиси ҷумҳури Фаронса дар тамоси телефонӣ бо “Владимир Зеленский”, раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки кишвараш дар талош аст, ки бо ҳамкории кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия эъмол хоҳад кард.

Эмануел Макрон дар ин тамоси телефонӣ, иқдоми Русия барои илҳоқи чаҳор минтақаи Украина (Донетск, Луганск, Запорожё ва Херсон)-ро маҳкум кард.

Аз сӯи дигар рӯзномаи Фаронсавии «Ломонд» рӯзи шанбе гузориш дод, Париж мумкин аст байни шаш то 12 адад тӯпхонаи Гаубица “Кайзер”-ро, ки дар ибтидо барои таҳвил ба Дания дар назар гирифта шуда буданд, таҳвили Украина бидиҳад.

Як сухангӯи вазорати дифоъи Фаронса дар посух ба дархост барои изҳориназар дар бораи ин гузориш гуфт, дар зимн ҳимояти Париж аз Киев, ҷузъиёти ин барнома «қарор нест иттилоърасонӣ шавад.»

Рӯзномаи Ломонд дар гузориши худ навишт, се кишвари Фаронса, Дания ва Украина ба таври усулӣ бо барномаи таҳвили ин таслиҳоти тӯпхонаӣ ба Украина мувофиқат кардаанд, аммо музокироти фаннии муртабит бо он дар дасти анҷом аст.

Ин рӯзномаи Фаронсавӣ навишт, Эмануел Макрон дар ҳафтаҳои ахир бар сари ин мавзӯъ бо “Владимир Зеленский”, раиси ҷумҳури Украина ва “Мата Фредериксен”, нахуст вазири Дания музокира кардааст.

Ба навиштаи Руйтерз, Париж то кунун 18 адад силоҳи тӯпхонаи Кайзерро, ки тавлиди ширкати таслиҳот созии Фаронсавии “Nexter” ҳастанд, таҳвили Киев додааст. Фаронса ин кумаки таслиҳоти ба Украинаро бо бардошт аз анбори таслиҳоти артиши худаш анҷом додааст.

Русия дар 24 феврал 2022 баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли ду ҷумҳурии Луганск ва Донетск аз Украина, аз оғози «амалиёти важаи низомӣ дар Украина» хабар дод.

Ба думболи оғози ин амалиёт, кишварҳои ғарбӣ зимни маҳкум кардани Маскав ва ташдиди фишорҳои иқтисодӣ алайҳи Русия, ҳимоятҳои ҳама ҷонибаи сиёсӣ, молӣ, таслиҳотӣ аз Киевро дар дастури кори худ қарор додаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад