Ширкатҳои нафтӣ, Аморот ва Арабистонро тарк кунанд

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман, дар паёме ба тамоми ширкатҳои нафтии фаъол дар Аморот ва Арабистон ҳушдор дод, ки ин кишварҳоро тарк кунанд.

 

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман, дар паёме ба тамоми ширкатҳои нафтии фаъол дар Аморот ва Арабистон ҳушдор дод, ки ин кишварҳоро тарк кунанд.

Ба гузориши манобеи ҳабарӣ, “Яҳё Сариъ”, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман, шомгоҳи якшанбе дар паёме ба тамоми ширкатҳои нафтӣ дар Аморот ва Арабистон ҳушдор дод, ки ба суръат ин кишварҳоро тарк кунанд.

Яҳё Сариъ, дар паёми худ навишт: неруҳои мусаллаҳи Яман ба ширкатҳои нафтие, ки дар Аморот ва Арабистони Саудӣ фаъолият мекунанд ин фурсатро медиҳад, ки вазъияти худро танзим карда ва ин кишварҳоро тарк кунанд (ва ин ҳушдор) то замоне, ки кишварҳои мутаҷовизи амрикоӣ – саудӣ ба оташбасе пойбанд набошанд, ки ба миллати Яман ҳаққи баҳрабардоӣ аз сарватҳои нафтии худ барои пардохти ҳуқуқи кормандони давлатии Яман намедиҳад, вуҷуд хоҳад дошт.

Оташбаси думоҳаи Яман оғоз шуда буд, аммо фиристодаи Созмони Миллали Муттаҳид, эълом кард, тарафайни даргир дар Яман бо ҳамон шурути қаблӣ тавофуқи аслӣ мувофиқат карданд, ки оташбас ду моҳӣ дигар ва пас аз он низ бор дигар то дувуми октябр тамдид шавад.

Давлати Санъо дар ҳоле ки, ин муддат дар ин шароити бад ба далели коҳиши дарду ранҷҳои мардуми Яман бо оташбас мувофиқат кардааст, ки эътилофи саудӣ ҳамчунон ба муҳосираи Яман идома дода ва ба таври рӯзона бо ҳамалоти худ оташбасро нақз мекард.

Аз сӯи дигар фиристодаи вижаи Созмони Миллал дар умури Яман шомгоҳи дирӯз якшанбе аз шикасти музокирот барои тамдиди оташбас дар ин кишвар хабар дод.

Шабакаи хабарии “Ал-маёдин” гузориш дод, ки ба хотири адами ҳусули тавофуқ бар сари тамдиди оташбас, имрӯз, мутаассиф ҳастем.

Вай ҳамчунин гуфт: ба музокира бо тамоми тарафҳо идома хоҳем дод то ба суръат, ба тавофуқе хубе даст пайдо кунем.

Ин мақоми Созмони Миллал хабар дод, ки ба тарафҳои музокирот, дар якуми октябр, пешниҳоде барои тамдиди шашмоҳаи оташбас ироа кардааст ва мавориди дигареро ба мафодди оташбас изофа кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад