Суханони Муҳиддин Кабирӣ дар нишасти САҲА

Суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар Варшава

Суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар Варшава

Хонумҳо ва ҷанобон!

Бояд бо таъассуф гуфт, ки дар кишвари мо Тоҷикистон дигар ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба маъное, ки мову шумо мефаҳмем, вуҷуд надорад. Пас аз саркубҳои соли 2015, ки хукумат на танҳо ҲНИТ, калонтарин ҳизби оппозитсиониро мамнӯъ кард, балки даҳҳо расонаҳои мустакилу созмонҳоро баст, то имсол як ҷомеъаи шаҳрвандии нимзиндае вуҷуд дошт.

Бархе созмонҳо ва фаъъолони ҷамъияти иҷозат доштанд ба мавзуъҳои фарҳангӣ, иҷтимоъӣ ва дур аз сиесат машғул шаванд. Барои мисол, касе ба масъалаи зиндониҳои сиесӣ, фишор болои хешу табори мухолифин ва танқиди ҳукуматдорон даст намезад. Ва метавон гуфт, як шартномаи нонавишта байни ҳукумат ва чанд созмону фаъъолони ҷамъиятӣ вуҷуд дошт, ки онҳо ба кадом мавзӯъ метавонанд даст зананд ва ба кадом мавзӯъ не.

Аммо, имсол вазъият комилан тағйир кард ва Ҳукумат ҳатто ҳамон ҷомеъаи шаҳрвандии контролшуда ва нимзиндаро ҳам дигар таҳаммул накард, ки ин нишонаи расидани кишвари мо ба болотарин сатҳи худкомагӣ мебошад. Мо имсол шохиди се амали фочеъабори ҳукумат барои ҷомеъаи шаҳрвандии кившар шудем:

Куштори оммавӣ дар Бадахшон алайҳи ақалияти помирӣ, ки дар натиҷа наздики 50 нафар инсони бесилоҳ ва бегуноҳ дар як амалиёти низомии Ҳукумат барои саркуби тазоҳургарон кушта шуданд;

Садҳо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Бадахшон, аз ҷумла, адвокатҳо, рӯзноманигорон ва фаъолони мардумӣ зиндонӣ ва ё фирорӣ гаштанд;

Ҳади акал 10 рӯзноманигор ва блогер баром фаъолиятҳои касбии худ бо баҳонаҳои сохта боздошт шуданд ва бархеро муддатҳои тулонии зиндон таҳдид мекунад.

Бале, ҳануз ҳам ҳастанд дар кишвар бархе созмонҳо ва афроде, ки бо эҳтиёт ва бо гирифтани риски зиёд ба ҷону озодии худ талош мекунанд иҷозат надиҳанд, ки ҳукумат охирин садоҳоро ҳам хомӯш кунад. Аммо, дигар ин ба садо монанд нест, балки бештар нолишҳои пасте мебошанд, ки дигар ба пойтахтҳо ва долонҳои байналмиллалӣ намерасанд.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Саркуб шудани ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар кишварҳое мисли Россия , Белорус ва Тоҷикистон натиҷаи сиёсатҳои яксола ва кӯтоҳмуддат нест. Нишонаҳои он солҳо пеш маълум буд ва мо, намояндагони гуруҳҳои мухолиф ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ аз ин кишварҳо борҳо аз ин минбарҳо ҳушдор медодем ва даъват мекардем, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ олами мутамаддин бояд чораҳои ҷиддӣ бияндешад.

Аммо, ҷаҳон вақт ва энергияи зиёдеро харҷи муколама ва ҳамкорӣ бо ин режимҳои ислоҳнашаванда кард. Ва дар натиҷа мо он чизеро дорем, ки имрӯз дар Россия, Белорус , Тоҷикистон ва дигар кившарҳои шабеҳ мебинем.

Набояд фаромуш кард, ки Ҳукуматҳои саркӯбгар ва дарозумр алакай таҷриба ҳосил кардаанд, ки чи тавр гуфтугу бо кишварҳои демократиро ба як раванди тулонӣ ва «гуфтугӯ дар бораи ҳеҷ» табдил бидиҳанд ва дар охир бештарин фоидаро барои таҳкими ҳокимияти худ ба даст биёранд. Ва бар натиҷаи ин муколамаҳои доимӣ дар бораи «ҳуқуқи башар, демократиякунонӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ» на танҳо вазъ беҳтар нашуд, балки дар мисоли кишвари мо, ба маротиб бадтар ҳам шуд.

Вақти он расидааст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ин сиёсати худ таҷдиди назар намояд, зеро муколамаи бидуни пешрафт ва натиҷа бо ин ҳукуматҳо танҳо ва танҳо бар зарари ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ба фоидаи ҳукуматҳои саркубгару диктотурӣ мебошад.

Бар гирифта аз сойти ПАЁМ

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад