Баҳси саркӯби занони фаъоли Тоҷикистон дар нишасти САҲА

Суханронии Мадинаи Ҳикматулло, узви Маркази Тоҷикистон оиди ҳуқуқи башари Вена дар нишасти САҲА дар Варшава

Суханронии Мадинаи Ҳикматулло, узви Маркази Тоҷикистон оиди ҳуқуқи башари Вена дар нишасти САҲА дар Варшава

Хонумон ва ҷанобон!

Ман худам як хонум аз Осиёи Марказӣ ҳастам ва ҳамроҳи падару модарам баъди фишорҳо болои хонаводаам ба Аврупо омадем ва ҳоло дар яке аз кишварҳои урупоӣ зиндагӣ мекунем.

Мехоҳам дар мавриди саркуби ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус занон, дар Тоҷикистон суҳбат кунам ва чӣ тавр режими Эмомалӣ Раҳмон, ки тақрибан 30 сол аст дар Тоҷикистон ҳукмронӣ мекунад, занону модаронро бераҳмона саркуб мекунад.

Барои исботи ин суханонам 2 далел меорам.

Далели якум, Улфатхоним Мамадшоеваи 65-сола, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва журналисти зодаи Бадахшон, мебошад, ки ҳамроҳи 200 тани дигар аз ақаллияти Помирӣ моҳи майи имсол боздошт шуданд. Ин хонуми 65-соларо 25 сол зиндон таҳдид мекунад. Танҳо гуноҳаш ин аст, ки зодаи Бадахшон ва журналист аст.

Танҳо гуноҳи ӯ дар ҷараёни саркуби имсоли помириҳо дар фейсбукаш чунин навишта буд: “Ман ҳомии ҳуқуқ ва рӯзноманигори мустақил ҳастам ва ба ҷуз виҷдони пок ва дилсӯзӣ нисбат ба мардуми кӯчаки худ – помириҳо – гуфтании дигар надорам.”

Яке аз иттиҳомот алайҳи ин хонуми 65-сола ин аст, ки ӯ аз тариқи созмонаш “Инсоф ва Номус” аз созмонҳои байналмилалӣ грантҳо гирифтааст. Оё грант гирифтан аз созмонҳои байналмилалӣ ҷурм аст? Бале, вақте дар Тоҷикистон ва бархе кишварҳои пасошуравӣ ба созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун агентҳои хориҷӣ нигоҳ мекунанд, натиҷа ҳамин мешавад.

Ҷанобон ва хонумон!

Далели дуюм, зиндонӣ шудани хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваи 45-сола аст. Танҳо гуноҳи ин хонум ин аст, ки фарзандаш Абдураҳмон дар Олмон зиндагӣ мекунад ва аз тариқи видеоҳояш ҳукуматро танқид мекунад. Охир чаро ин модар ҷавоби фаъолиятҳои фарзандашро бидиҳад? Мутаассифона, дар Тоҷикистон оила ва хешутабори фаъолони сиёсие, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, ҳамеша зери фишори мақомот ҳастанд.

Ҳатто соли 2016 Абдусамад Абдусамадов, фаъоли сиёсӣ, дар конфронси САҲА дар Варшава ширкат кард ва модарашро чунин фишор оварданд, ки бар асари сактаи дил дар пайи фишорҳо даргузашт.

Хулоса, режими Эмомалӣ Раҳмон ба ҳеч кас, мард ва зан, эҳтироме қоил нест ва ҳамеша ҷомеаи шаҳрвандиро саркуб кардааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад