Истиқрори гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистон аз ҷониби Толибон ва сабабҳои он

Толибон теъдоде аз сарону фармондеҳони аршади гурӯҳҳои террористиро дар шимоли Афғонистон ва марзҳои Тоҷикистон мустақар кардааст.

Ба нақл аз манобеи маҳаллӣ, Толибон теъдоде аз сарону фармондеҳони аршади гурӯҳҳои террористиро дар шимоли Афғонистон ва марзҳои Тоҷикистон мустақар кардааст.

Бар асос иддаои Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон (нируҳои Аҳмад Масъуд), Анас Ҳаққонӣ, саркардаи шабакаи Ҳаққонӣ дар ҳукумати Толибон 20-уми август бо Ҳоҷӣ Фурқон, аз фармондеҳони аслии гурӯҳи террористии Ҷунбиши исломии Туркистони шарқӣ, Мавлавӣ Иброҳим, аз фармондеҳони аршади гурӯҳи террористии Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон, Шайх Зокир, аз фармондеҳони гурӯҳи террористии Таҳрики исломии Узбакистон ва Абдулҳақ Уйғурӣ, аз фармондеҳони гурӯҳи террористии ал-Қоида дар маҳаллаи Вазир Акбархон, воқеъ дар минтақаи дувуми шаҳри Кобул дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Ҳаққонӣ дар ин ҷаласа бо раҳбарони гурӯҳҳои террористӣ дар Кобул дар мавриди вуруди дубораи муҷоҳидини араб ба Афғонистон, чигунагии тақвияти гурӯҳҳои хориҷӣ дар устонҳои шимоли Афғонистон дар 6 моҳи ахир ва эъзоми нируҳои ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтугӯ кардаанд.

Пас аз ин ҷаласа, Абдулҳақ Уйғурӣ ва Ҳоҷӣ Фурқон дар 21-уми август ба шаҳри Пулхумрии маркази устони Бағлон рафта ва дар сохтмони идораи иттилооти Толибон дар устон Бағлон мустақар шудаанд. Ҳамчунин Шайх Зокир дар 23-уми август, тавассути мусаллаҳони шабакаи Ҳаққонӣ ба шаҳри Файзобод, маркази устони Бадахшон мунтақил шуда ва барномаҳои нуфузи гурӯҳҳои хориҷӣ ба устони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Тоҷикистонро баррасӣ карда ва дар сохтмони дафтари пешини ҳамбастагии миллӣ дар шаҳристони Баҳорак мустақар шудааст. Мавлавӣ Иброҳим низ фаъолиятҳои худро дар шаҳристони Имомсоҳиб, воқеъ дар шимоли устони Қундуз шурӯъ кардааст.

Истиқрори фармондеҳони аршади гурӯҳҳои террористӣ дар устонҳои Бадахшон, Бағлон ва Қундуз таҳти ҳимояти шабакаи Ҳаққонӣ ва иттилооти Толибон аст ва бешак ин таҳаррукот барои кишварҳои Осиёи Миёна ба вижа Тоҷикистон таҳдиди бузурге ба ҳисоб меояд.

Аз ин рӯ Тоҷикистон, ки аз ҳимояти иттилоотии мусташорони Амрико дар марзҳои ҷанубии худ бархурдор аст, барои хунсосозии иқдомоти Толибон, Абдулқаюм Ахгар, аз фармондеҳони майдонӣ ва ҷиҳоди собиқ дар устони Бадахшонро бо 300 нафар аз афроди таҳти фармонаш таҷҳиз ва вориди Афғонистон кардааст.

Вуруди Ахгар ба ҷабҳаи Бадахшон дар канори коҳиши фаъолиятҳои нируҳои Аҳмад масъуд дар устони Панҷшер ва Бағлон ва афзоиши фаъолияти онҳо дар шаҳристонҳои Роғистон, Арғанҷхоҳ ва Шуғнон дар вилояти Бадахшон ва ҳамчунин ҷудоии фармондеҳони маҳаллӣ ҳамонанд Абдулҳамид Муҷоҳид, мудири иттилооти типпи якуми Фатҳи Толибон дар шаҳристони Яфтал, нишон аз ояндаи пурталотуми ҷабҳаҳои шимоли Афғонистон дорад.

Дар маҷмӯъ бо фитнаангезиҳои Амрико ва фаъолияти дӯстони бади Толибон, Афғонистон бистари муносибе барои тақвият ва зуҳури гурӯҳҳои террористии қадимӣ ва ҷадид шудааст ва ин ҳамон барномае аст, ки дар замони тавофуқи Толибон ва Амрико барои интиқоли ҳукумати Афғонистон пешбинӣ мешуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад