Имзои санади навбатӣ барои оташбас дар гузаргоҳи марзӣ

Раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва раиси КДАМ-и Қирғизистон дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" санади навбатӣ дар бораи оташбас ба имзо расонданд.

Раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва раиси КДАМ-и Қирғизистон дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон” санади навбатӣ дар бораи оташбас ба имзо расонданд.

Бар асоси гузоришҳои хабарӣ ва ҳамчунин гузоириш Музаффар Юнусов, сардори Хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, мулоқоти Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон” баргузор гардид.

Ба иттилои оқои Юнусов дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид намуданд.

Дар ин мулоқот таъкид гардид, ки бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад.

Дар анҷоми ин музокирот Тоҷикистону Қирғизистон санади наверо ба имзо расонданд.

Ёдовар мешавем, ки даргирии густарда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа оғоз шуд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба тирпарронӣ муттаҳам карданд. Қариб дар тамоми хатти сарҳад задухӯрди шадиди миёни низомиёни ду кишвар тамоми рӯз идома кард. Ба оташбас танҳо шаб даст дод.

Субҳи рӯзи шанбе задухӯрдҳои фосилавӣ аз сар гирифта шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи созишномаи оташбас муттаҳам карданд. Чониби Қирғизистон танишро ба марзҳои шарқии Тоҷикистон кӯчонид, ки дар гузашта чунин ҳолат набуд.Тирпарронӣ танҳо шоми шанбе қатъ шуд.

Ба гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, низиёмиёни қирғиз бо силоҳҳои вазнин ва ҳатто бесарнишинҳо манотиқи аҳолинишини наздимарзиро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа куштаву захмиҳои зиёд дар пай дошт.

Ҷониби Бишкек хабар дод, ки бар асари даргириҳо 59 нафар кушта ва 163 нафар захмӣ шудаанд. Тоҷикистон бошад, аз 41 кушта ва 30 захмӣ хабар дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад