Вокуниши Ҳизбуллоҳ ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза

Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе ба ҳамлаи режими палиди саҳюнистӣ ба Ғазза вокуниш нишон дод ва онро ба шиддат маҳкум кард.

 

Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе ба ҳамлаи режими палиди саҳюнистӣ ба Ғазза вокуниш нишон дод ва онро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Манор, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза вокуниш нишон дод.

Ҳизбуллоҳи Лубнон зимни тасалияти шаҳодати “Тисир ал-Ҷабарӣ” ва бархе дигар аз фармондаҳони Ҷиҳоди Исломӣ дар ҷараёни ҳамлаи режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба Ғазза, ба ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин, ҳамбстагии гурӯҳҳои муқовимати Фаластинро сутуд.

Дар ин баёнияи Ҳизбуллоҳи Лубнон зимни таъкид бар ваҳдати мавозеъи гуруҳҳои Фаластинӣ эълом кард: ваҳдат омили асосии пирӯзӣ бар душман аст.

Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар ин баёния оварда аст: мо бар ҳимояти доимӣ ва собит аз миллати Фаластин ва қарор гирифтан дар канори ин миллати мазлум ва муқовамати шуҷоъи он барои озодии сарзамини Фаластин ва асирон ва таҳаққуқи аҳдофи машрӯъи он таъкид мекунем. Мо аз ҳамаи иқдомот ва гомҳои иттихоз шуда фармондеҳии Ҷиҳоди Исломӣ дар вокуниш ба ҳамла ва ҷинояти режими кӯдак куши саҳюнистӣ ҳимоят мекунем.

Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар баёнияи худ эълом кард: миллати Фаластин, ки ҷонфишонии зиёде карда аст ҳаргиз ин ҷинояти ваҳшиёна ва ноҷвонмардонаи Исроил, хадшае дар азмаш ворид нахоҳад кард ва ин ҷиноят азми миллати Фаластинро барои идомаи роҳ то таҳаққуқи пирӯзӣ ва озодсозии сарзамини Фаластин росихтар аз қабл хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад