Пас аз тасмими Русия масъалаи ҲНИТ ба СҲШ кашида шуд

Пас аз эълони ба додгоҳ фиристодани талаби террористӣ эълон кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби Додситонии кулли Русия, режими Эмомалӣ Раҳмон қадам фаротар ниҳодааст.

Пас аз эълони ба додгоҳ фиристодани талаби террористӣ эълон кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби Додситонии кулли Русия, режими Эмомалӣ Раҳмон қадам фаротар ниҳодааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ пешниҳод кардаст, рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ, ифротӣ ва сепаратистӣ дар доираи ин созмон таҳия карда шавад.

Тибқи иттилоъи Вазорати корҳои хориҷӣ Муҳриддин ҳамчунин, аз тавсеа додани ҳамоҳангсозии мавқеъҳои сиёсати хориҷӣ дар қолаби “ҳаштгона” ва аҳамияти ҳамкориҳои сиёсӣ дар доираи СҲШ таъкид кардаст.

ВКХ хабар медиҳад :

Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақаи СҲШ тамаркуз намуда, азми Тоҷикистонро ҷиҳати афзоиши саҳмгузорӣ дар талошҳои дастаҷамъона дар ин самт таъкид кард.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба аҳаммияти дастгирии ташаббусҳо, ки тақвияти муҳтавои рӯзномаи иҷтимоию иқтисодии СҲШ, инчунин ҳамбастагии стратегияҳои миллӣ барои рушди устувор ва тараққиёти минтақа равона гардидаанд, ишора кардааст.

Ёдовар мешавем Игор Краснов, додситони кулли Русия дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 25 июл дар Душанбе баргузор шуд, гуфта буд Додситонии кулли Русия ба Додгоҳи олии ин кишвар бо дархости террористӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муроҷиат кардааст.

Ҳанӯз маълум нест мурофиаи додгоҳӣ кай баргузор мешавад, аммо бештари коршиносон ба ин назаранд, ки ин тасмим сиёсист ва барои розӣ кардани Тоҷикистон гирифта шудааст ва бо гумони ғолиб додгоҳ низ онро қабул мекунад.

Дар раҳбарияти ҲНИТ ба ин назаранд, ки ҳатто агар додгоҳи Русия ин пешниҳоди додситониро қабул кунад, чизе барои ҳизб тағйир нахоҳад кард. Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд аз як тараф қаблан ҳам бо дархости Тоҷикистон мақомоти Русия фаъолони зиёдеро ба Тоҷикистон истирдод кардаанд ва аз тарафи дигар ин ҳизб ҳеҷ фаъолияте аз замони баста шуданаш на дар Тоҷикистон ва на дар ҳеҷ кишвари ИДМ фаъолият намекунад. Танҳо хатаре, ки ба аъзои собиқи ҳизб ва умуман ҳамаи тоҷикон дар Русия баъди ин тасмим таҳдид мекунад ин аст, ки мақомоти интизомии фасодзадаи Русия метавонанд бо ин баҳона аз онҳо ришва талаб кунанд.

Дар бораи дархости вазири хориҷа дар нишасти Шӯрои вазирони СҲШ Муҳиддин Кабирӣ ба Паём гуфт “мутаассифона тамоми масъулини ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худашон авлавиятро на ба рушди иқтисодӣ, на ба ҷалби сармоя, на бо иртиботҳои фарҳангӣ бо кишварҳои дигари ҷаҳон медиҳанд, балки авлавияташон ин аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар саросари ҷаҳон маҳдуд кунанд, муттаҳам ба терроризму экстремизм намоянд. Дар тамоми нишасту маҳфилҳо, робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба танҳо чизе, ки мақомоти Тоҷикистон аз кишварҳои дигар дар ивази гузаштҳои хеле калони сиёсиву иқтисодиву геополитикӣ талаб мекунанд ин аст, ки рақибони сиёсии худ, ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф ва шаҳвандони фаъолро муттаҳам ба терроризму экстремизм кунанд, то онҳо натавонанд фаъолияти сиёсӣ ё фаъолияти озодонаи фарҳангиву иқтисодӣ дошта бошанд”.

Раҳбари мухолифини тоҷик дар идома тасреҳ кард: “воқеъан ин баёнгари он аст, ки ин ҳукумат на дар фикри рушди кишвару миллат аст, на дар фикри он аст, ки Тоҷикистонро бо истифода аз робитаҳои хориҷӣ аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ пеш бибарад, балки танҳо дар талоши он аст, ки бо ҳар роҳе набошад қудрати худро мустаҳкам намояд, худашро аз миллаташ ҳимоят кунад ва ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷӣ кишвар ҳам имконият ва иҷозати ва фаъолияти озодона надиҳад”.

Раиси ҲНИТ гуфт “қаблан барои аз ҷониби Русия террористӣ эълон кардани ҳизби мо ҳукумат аз ҳисоби мардуми кишвар гузаштҳои зиёде ба Русия кард ва пешниҳоди вазири хориҷа низ дарак аз он медиҳад, ки дар оянда ҳам омодаи гузаштҳои зиёдест. Ва ин далели дигарест бар ин ки ҳукуматдорон ҳифзи курсиҳои худро аз манофеъи кишвару миллат авлотар медонанд”.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад