Ҷавононро барои 100 сомонӣ ба маҳкама накашед

Раиси вилояти Хатлон аз мақомот хост ҷавононро барои 100-200 сомонӣ ба маҳкама накашанд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зимни нигаронӣ аз ба маҳкама кашида шудани ҷавонон ба хотири 100-200 сомонӣ иброз дошт, ки бояд дар самти пешгирӣ аз яиноят бештар талош кард.

“Бубинед вақте мутахассисро ба кор қабул карданӣ мешавем, аввалин ҳуҷҷате, ки талаб мекунем ин доғи судӣ доштан ё надоштанаш аст. Доғи судиро бардоштан чӣ қадар мушкил аст ва чӣ қадар вақтро талаб мекунад. Дар ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрияшон бо фаъолони вилояти Хатлон моҳи феврали соли равон низ эрод гирифта буданд. Набояд барои 100-200 сомонӣ ё як ҷиноятҳои ночиз ҷавононро ба маҳкама кашем. Мо бояд онҳоро тарбия кунем”,-гуфт раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят хоҳиш кард, ки дар ин самт корбарӣ кунанд ва ин эродҳоро ба назар бигиранд.

Ҳамчунин Қурбон Ҳакимзода иддао кард, ки баъди эродҳои Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҷинояткорӣ дар вилоят беш аз 700 ҳолат кам шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад