Дидори раисҷумҳури кишвар бо раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ҶИЭ

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Боқириро ба ҳузур пазируфт.

17 май дар Қасри миллат Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Боқириро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Эрон, бахусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

Пез аз ин дидори раисҷумҳур Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Вазири дифои кишвар мулоқот ва гуфтугӯ намуданд.

Вазири дифои Тоҷикистон дар ин дидор аз тарҳҳои неруҳои мусаллаҳи Эрон барои муқобила бо терроризм,ҷиноятҳои созмонёфта ва маводи мухаддир бо кумак ва ҳамкории ду кишвар истиқбол кард ва гуфт, баргузории размоишҳои муштарак ва тавсеаи таҷҳизоти низомӣ аз авлавиятиҳои неруҳои мусаллаҳи кишвари Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронӣ ҳам баъд аз истиқболи расмӣ тавассути генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳамчунин ширкат дар маросими бошукуҳи низомӣ аз ягонҳои намуна ва ташрифотии неруҳҳои мусаллаҳи кишвари Тоҷикистон дар як нишасти тахассусӣ зимни баррасии роҳҳои тавсеа ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва мубориза бо терроризм дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳои минтақаӣ бо меҳварияти кишвари Афғонистонро бо тарафи муқобил мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

Генерал Боқирӣ бо таъкид бар инки неруҳои мусаллаҳи ду кишвар бояд илова бар барқарории амният дар марзҳо бо якдигар таомулу табодули назар дошта бошанд, афзуд, тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба ва ҳамчунин табодули омузиш ва тавсеаи ҳамкории низомӣ перомуни мубориза бо терроризм, бояд дар авлавияти неруҳои мусаллаҳи ду кишвар қарор гирад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад