Сафари генерал Муҳаммади Боқирӣ ба Тоҷикистон

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мулсаллаҳи Эрон дар сарварии ҳайати баландпояи низомӣ ва ба даъвати расмии вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи душанбе эъзоми ин кишвар хоҳад шуд.

Ба гузориши манбаъ ба нақл аз равобит умумии Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ:

Дар ростои таҳақуқ ва амалиёти кардани тавофуқоти ҳосил шуда дар аввалин комисиони муштараки ҳамкориҳои низомии дуҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ фардо озими Душанбе пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш дидор бо мақомоти баландпояи сиёсӣ ва дифоъи ва музокирот пайромуни ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ ва ҳамчунин боздид аз марказҳои низомӣ ва тарҳҳои дифоъӣ нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз барномаҳои муҳими раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ Эрон дар ин сафар хоҳад буд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Ҳайати олирутбаи низомии Тоҷикистон аз донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон боздид карданд.

Ба гузориши манбаъ :

Ҳайати олирутбаи низомии Тоҷикистон ба сарпарастии генерал Абдулалим Расулзода, муъовини раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи ин кишвар субҳи имрӯз аз донишгоҳи фаромндеҳӣ ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон боздид карданд.

Ин боздид ба манзури афзоиши ҳамкориҳои омӯзишиӣ байни артишҳои ду кишвар анҷом шуд.

  • Генерал Ҳусайн Валиванд, фармондеҳи донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиш дар ин дидор робитаи Эрон ва Тоҷикистонро бисёр мустаҳкам донист ва гуфт: Робитаи ду кишвар як иртиботи вижа ва пайванд миёни кишвари Эрон ва Тоҷикистон бар мабнои иштирокоти фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ аст ва ин пайванд ҳеҷ гоҳ гусаста нахоҳад шуд.
  • Генерал Валиванд гуфт: Ин донишгоҳи артиш аз қадимитарин донишгоҳҳои Эрон аст, ки донишҷуёни низомии дараҷаҳои миёна ба боло ҳамасола ҷиҳати гузарондани давраҳои илмӣ ва амалӣ дар он ҳузур пайдо мекунанд ва мо алоқа дорем дар заминаи табодули донишҷуёни низомӣ бо Тоҷикистон иртиботи ҳасана дошта бошем.
  • Генерал Абдулалим Расулзода, сарпарасти гуруҳи эъзомӣ ва муъовини раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ дар ин дидо гуфт: Мо Ҷумҳурии Исломии Эронро дуст ва бародари худ медонем ва дар ин кишвар эҳсоси ғарибӣ надорем, дар заминаи табдули донишҷу барномаҳое пешбини шуда аст, ки умедворем ҳарчи зудтар иҷро шавад.

Аъзои ҳайати низомии Тоҷикистон дар идома аз раванди омӯзиши донишҷуён ва дигар маконҳои донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиш боздид карданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад