Русия низоми интиқоли пули муҳоҷирон ба хориҷро осон кард

Бонки марказии Русия ба афроди воқеӣ иҷоза дод, ки ҳар моҳ аз суратҳисоби худ дар Русия ба кишварҳои хориҷи дӯст то 50 ҳазор доллар интиқол диҳанд.

Бонки марказии Русия ба афроди воқеӣ иҷоза дод, ки ҳар моҳ аз суратҳисоби худ дар Русия ба кишварҳои хориҷи дӯст то 50 ҳазор доллар интиқол диҳанд.

Бонки марказии Русия ба муҳоҷирони корӣ иҷоза додааст, ки аз суратҳисобҳои худ дар Русия ба хориҷа бо рубл ва дигар асъор дар ҳаҷми маошашон маблағ интиқол диҳанд, хабар медиҳад сомонаи танзимкунанда.

То он лаҳза ҳама гуна интиқоли шахсони воқеӣ тавассути ширкатҳо маҳдудият дошт: 10 000 доллар аз суратҳисоб ва то 5 000 доллар бидуни кушодани суратҳисоб.

Дар гузориш омадааст.

“Дар давоми як моҳи тақвимӣ резидентҳои Русия, инчунин ғайрирезидентҳои кишварҳои дӯст ҳуқуқ доранд, ки аз суратҳисоби худ дар бонки Русия ба суратҳисоби худ ё ба шахси дигар на бештар аз 50 ҳазор доллар ё муодили он бо дигар асъор гузаронанд”

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки чун замони пеш тавассути ширкатҳое, ки бидуни кушодани суратҳисоб пул интиқол медиҳанд, интиқоли беш аз 5 ҳазор доллар ғайриимкон аст.

Маҳдудиятҳои Бонки марказии Русия то 30 сентябри соли 2022 амал мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Бонки марказӣ таъкид кардааст, ки интиқол ба хориҷ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз кишварҳое, ки аз таҳримҳо пуштибонӣ мекунанд ва дар Русия кор намекунанд, то ҳол мамнуъ аст.

Интиқол аз суратҳисобҳои брокерҳои Русия барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ғайрирезидентҳо аз кишварҳое, ки таҳримҳоро дастгирӣ мекунанд, ҳанӯз маҳдуд аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад