Амрико аъзои ДИИШ-ро барои интиқол ба Украина таълим медиҳад

Созмони иттилооти хориҷии Русия ба ҳуҷҷатҳое даст ёфтааст, ки нишон медиҳад Амрико дар ҳоли таълими гуруҳе аз аъзои ДИИШ барои интиқоли онҳо ба Украина мебошад.

Ниҳоди иттилооти хориҷии Русия бар ин бовар аст, ки Вашингтон дар ҳоли таълим додани аъзои созмони террористӣ барои эъзоми онҳо ба Украина аст.

Сергей Иванов, раиси созмони иттилооти хориҷии Русия (SVR) гуфт, ки Амрико дар ҳоли таълим додани 500 узви гуруҳи террористии ДИИШ ба манзури интиқоли онҳо ба даргириҳои Украина аст.

Ба гуфтаи Иванов, Амрико фаъолона дар ҳоли ҷазби аъзои созмонҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ мебошад.

Иванов ёдоварӣ кард, ки Амрико Апрели 2022 дар озодсозии ҳудуди 60 узви гуруҳи террористии ДИИШ аз минтақаҳои таҳти кантроли курдҳои Сурия нақши фаъоле доштааст. Ин ниманизомиён пас аз озодӣ барои анҷоми таълимҳои лозим ҷиҳати интиқол ба Украина ба марзи Ироқу Урдун интиқол дода шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад