Масъулияти хунрезӣ ба дӯши ҳукумати феълии Украина аст

Кишвардори Русия, Владимир Путин дар паёми навбатии худ аз тасмими анҷом додани амалиёти низомӣ дар Донбасс гуфт

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин тасмим гирифт, ки дар Донбасс амалиёти вижаи низомӣ анҷом диҳад. Дар ин бора роҳбари Русия субҳи рӯзи 24 феврал дар паёми худ ба мардум изҳор дошт.
Ба таъкиди Владимир Путин, масъулияти хунрезӣ дар ин кишвар бар дӯши ҳукумати феълии Украина мемонад.
Аз ин рӯ, кишвардори Русия дар паёмаш аз низомиёни украинӣ даъват намуд, ки дастурҳои ҷиноии мақомотро иҷро накунанд ва баръакс силоҳи худро ба замин гузоранд.

Президент ҳамчунин зикр намуд, ки вазъияти мавҷуда тақозо мекунад, ки Русия чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешад.
Қаблан сарони ҶМЛ ва ҶМД Денис Пушилин ва Леонид Пасечник ба раҳбари Русия муроҷиат карда, хостори мусоидат дар рафъи таҷовузи Нерӯҳои мусаллаҳи Украина шуданд.
Дар ҳамин ҳол, шаби 21 ба 22 феврал, раисиҷумҳури Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганскро расман эътироф кард.
Вилояти Ростов аввалин шуда гурезаҳоро қабул кард, дар муддати кутоҳ вилоятҳои Воронеж, Новгород, Курск, Липетск ва Рязан ба ин кор пайвастанд, вилоятҳои дигар бошад, барои ёри расондан ба муҳоҷирон тайёр будани худро баён карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад