Таъкиди Тоҷикистону Озарбойҷон ба ҳамкориҳои иқтисодӣ

Панҷумин нишасти комисюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.

Панҷумин нишасти комисюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.

Ба нақл аз сомонаи Ховар, ин нишаст ба раёсати Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Инъом Каримов, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ҳар ду тараф дар ин нишаст роҷеъ ба сатҳи феълӣ ва дурнамоӣ рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баҳсу табодули назар карданд.

Дар поёни ин нишаст тарафҳо тавофуқоте дар заминаи таъсиси корхонаҳои муштарак, паркҳои илму фановарӣ, ҷазби сармояи бахши хусусии Озарбойҷон дар иқтисоди Тоҷикистон ва воридоти сӯхт аз ин кишвар ба Тоҷикистон имзо карданд.

Арзиши муомилоти тиҷоратии ду кишвар дар соли 2021 фақат 6 миллиону 100 ҳазор доллар буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад