Путин амалиёти вижаи низомӣ дар Донбассро эълон кард

Владимир Путин, президенти Русия дар посух ба дархости кумаки низомии сарони минтақаи ҷудоиталаби шарқи Украина, дастури амалёти вижа дар «Донбасс»-ро имзо кард.

«Вазъият аз мо тақозо мекунад, ки чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешем. Ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат карданд», — гуфт президент.

Ба гуфти ӯ, ба ин муносибат мувофиқи моддаи 51, қисми 7-и асноди СММ бо иыозати Шӯрои Федератсия ва ба амал баровардани шартномаҳои дустӣ ва ёрии ҳамдигарӣ бо ҶМД ва ҶМЛ, ки аз тарафи Ассамблеяи Федеративӣ тасдиқ карда шудааст, дар бораи гузарондани амалиёти махсуси ҳарбӣ қарор қабул карда шуд.

Сарвари давлат қайд кард, ки нақшаҳои Русия ишғоли Украинаро дар бар намегиранд, аммо Маскав барои демилитаризатсияи он талош хоҳад кард.

Путин дар паёми худ гуфт, ҳадаф аз амалиёти вижае, ки Федератсияи Русия анҷом додааст, ҳифзи одамонест, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд.

Вай таъкид кард, ки онҳое, ки алайҳи мардуми осоишта ҷиноятҳои зиёди хунин содир кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин шоми 21 феврал ба мардуми кишвар муроҷиати изтирорӣ карда буд.

Дар изҳороти худ раҳбари давлат гуфт, ки Федератсияи Русия ҶМД ва ҶМЛ-ро расман эътироф мекунад. Ӯ ҳамчунин хостори қатъи хунрезӣ аз ҷониби Украина шуд.

Фармонҳо дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои Донетск ва Луҳанск ба унвони кишварҳои соҳибихтиёр ва мустақил шаби 21 ба 22 феврал пас аз ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амният, ки авҷ гирифтани авзоъ дар шарқи Украинаро баррасӣ карданд, нашр шуданд.

Рӯзҳои охир вазъ дар Донбасс муташанниҷ шуд, ҶМД ва ҶМЛ аз тирборони нерӯҳои амниятии Украина хабар доданд. Мақомоти ин ҷумҳуриҳо дар робита ба таҳдиди таҷовуз ба Украина аз тахлияи муваққати шаҳрвандон ба минтақаҳои Русия хабар доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад