Толибон кобинаи давлати ҷадиди Афғонистонро эълон кард

Гуруҳи Толибон дар ҳоле аъзои кобинаи давлати нави Афғонистонро эълон кард, ки ақвому занон дар давлати исломӣ ҷой надоранд.

Ҳамзамон бо боло гирифтани эътирозоти мардумӣ дар Кобул ва дигар вилоятҳои Афғонистон, сухангӯи Толибон имрӯз кобинаи давлати ҷадиди ин кишварро эълон кард.
Пас аз гузашти беш аз 20 рӯз аз тасаллути Толибон бар Кобул, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, дар нишасти хабарии имрӯзи худ аъзои кобинаи давлати ҷадиди Афғонистонро эълон кард.
Вай пас аз эълони афроди кобинаи давлати ҷадиди Афғонистон гуфт: “Дар давлати оянда саъй мекунем, ки афрод аз ақвоми мухталиф ба кор гирифта шаванд ва мо талош хоҳем кард, то ҳамаи ақшори ҷомеаи Афғонистон дар давлати баъдӣ нақш дошта бошанд.”
Муҷоҳид афзуд: “Ҷараёнҳои хориҷӣ пушти тазоҳурот ҳастанд ва мо иҷозат намедиҳем ҳарҷу марҷ дар Афғонистон эҷод шавад.”
Ба гуфтаи Муҷоҳид, Мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода ҳамчунон ба унвони раҳбар боқӣ мемонад ва исми расмии давлати ҷадид, Аморати Исломии Афғонистон хоҳад буд.
Вай ҳамчунин хотирнишон кард: “Мо интизор дорем ҷаҳон ба душманӣ бо Афғонистон поён диҳад ва дасти ёрӣ ба сӯи мардуми Афғонистон дароз кунад.”
Ба гуфтаи Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, тамоми сарпарастҳо аз фардо кори худро оғоз мекунанд ва иҷозати хуруҷ аз Афғонистонро хоҳанд дошт.
Аъзои кобинаи ҷадиди Афғонистон ба шарҳи зер аст:
Мулло Муҳаммадҳасан Охунд, нахуствазир;
Мулло Бародар Охунд, муовини нахуствазир;
Мавлавӣ Абдуссалом Ҳанафӣ, муовини дуввуми нахуствазир;
Мулло Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид, сарпарасти Вазорати дифоъ;
Мавлавӣ Амирхон Муттакӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷа;
Сироҷуддин Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати дохила;
Мулло Абдулманнон Умарӣ, сарпарасти Вазорати фоидаҳои омма (рифоҳ);
Шайх Муҳаммад Холид, сарпарасти Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар;
Мавлавӣ Наҷибуллоҳ Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати мухобирот;
Мулло Абдулҳаққ Васиқ, сарпарасти Вазорати иттилоот;
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини Вазорати иттилоот ва фарҳанг;
Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, сарпарасти Вазорати иқтисод;
Мавлавӣ Абдулҳаким, Вазорати шаръиёт ва додгустарӣ;
Нуруллоҳ Нурӣ, сарпарасти Сарҳадот ва қабоил;
Юнус Охундзода, сарпарасти Тавсиъаи рустоӣ;
Мулло Абдуллатиф Мансур, сарпарасти Вазорати обу барқ;
Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати таҳсилоти такмилӣ;
Мулло Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ, сарпарасти Вазорати дороӣ;
Мулло Муҳаммад Идрис, раиси Бонки марказӣ;
Шермуҳаммад Аббоси Станказай, муовини Вазорати хориҷа;
Фасеҳуддин, фармондеҳи артиш;
Мулло Муҳаммад Исо Охунд, сарпарасти Вазорати маъодин;
Мулло Ҳамидуллоҳ Охундзода, сарпарасти Вазорати ҳавонавардӣ;
Мулло Абдулҳаққ Охунд, муовини мубориза бо маводди мухаддири Вазорати дохила;
Мавлавӣ Нур Ҷило, муовини вазири дохила.
Толибон ҳамчунин Вазорати занонро аз кобина ҳазф кард. Муҷоҳид дар бораи парчам ва суруди миллии Афғонистон низ чизе нагуфт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад