Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати Афғонистон

Эмомалӣ Раҳмон аз созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳону минтақа даъват кард, ки барои ҳалли қазияи Афғонистон даст ба чораҳои фаврӣ ва муштарак зананд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми сентябр дар ҷаласаи бахшида ба 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон гуфт, дар Афғонистон бояд ҳукумати мусолиҳаи миллӣ “бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини ин кишвар” таъсис ёбад.

Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш гуруҳи Толибон ҳайати ҳукумати муваққатии худро дар Афғонистон расонаӣ кард. Ин феҳрист нишон дод, ки ақаллиятҳои миллӣ ва занон ба ин ҳукумат ворид нашудаанд. Аз 33 вазифаи калидии ҳукумат тақрибан ҳамаро паштунтаборон, ки 40 дарсади аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд, ишғол кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеч ташаббус нишон намедиҳанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд. Вазъияти сангину фалокатбори ин кишвар бо гуноҳи сокинони он ба вуҷуд наомадааст”.

Тоҷикистон пештар низ хоҳони ташкили ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар Афғонистон шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбе бори дигар гуфт, “вазъияти Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад, зеро амнияти минтақаи мо, дар навбати аввал, ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобаста мебошад.”

Гуруҳи Толибон пас аз тақрибан бист соли сарнагунии ҳокимияташ дигарбора назорат бар Афғонистонро ба даст овард.

Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, аз маъмурияти нави Толибон , ки саршор аз собиқадорони ҳукумати ин ҷунбиши бунёдгаро дар солҳои навадуми қарни гузашта ва бист соли ҷанг дар ин кишвар аст, ташвиш дорад.

Департаменти давлатии Амрико гуфт, рӯзи 7-уми сентябр дар рӯйхати ҳукумати нави Толибон аъзои ин гурӯҳ ва ҳампаймонҳои онҳо ҷой доранду ягон зан шомили он нашудааст.

Дар изҳорот гуфта мешавад, Толибон ҳукумати муваққатӣ ташкил кардаанд, вале дар ҳар сурат Амрико на аз рӯйи сухан, балки аз рӯйи амал ба кори ин ҳукумат баҳо хоҳад дод. Ҳоло Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора вокунише нишон надодааст ва маълум нест, ки ин суханрониҳо аз рӯи тарс аз Толибон аст ё аз рӯи безорӣ аз ҷангу хунрезии мардуми афғон ё ягон манфиати дигар барои давлати Тоҷикистон.

Толибон Мавлавӣ Ҳайбатулло Охундзодаро амир ал-муъминин, яъне раҳбари олии худ таъйин карданд. Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки аз замони кор дар маъмурияти пештараи Толибон мавриди таҳрими Созмони Милал қарор гирифтааст, ба вазифаи сарпарасти мақоми раиси ҳукумати Толибон пешбарӣ шуд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон мегӯяд, ҳукумати муваққатӣ дар посух ба ниёзҳои мардум ташкил шудааст.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон “ғайриқонунӣ ва намунаи боризи душмании ин гуруҳ бо мардуми Афғонистон донист”. Чанде аз сиёсатамадорони афғон низ дар эъломияҳои ҷудогона рафтори Толибонро танқид карданд. Албатта Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон ба таври комил нисбати Толибон мавзеъ нагирифтааст.

Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва кишварҳои таъсиргузор хостааст, ки аз ҳамкории сиёсӣ ва дипломатӣ бо ҳукумати нав худдорӣ кунанд ва Аҳмади Масъуд дархости қиёми миллӣ кард. Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳа, рӯзи 7-уми сентябр бо нашри эъломия гуфт, ба зудӣ сохтори ҳукумати интиқолии мардумсолорро дар Афғонистон эълон хоҳанд кард.

Бо ин ҳама, Толибон талош дорад, ки доманаи ҳокимияти худро густариш дода, решаҳои онро қувват бахшад. Вале мушкили аслӣ дар баробари гуруҳ ба даст овардани эътирофи кишварҳои ҷаҳон ва ба расмият шинохта шудани ҳокимияташ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад