Хушунати хонаводагӣ дар кишвар идома дорад; ду зани дигар қурбонӣ шуданд

Дар пайи идомаи хушунатҳои ваҳшиёнаи хонаводагӣ дар Тоҷикистон ду зани дигар ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, хушунати хонаводагӣ боиси кушта шудани ду зани дигар дар кишвар шудааст.

Мутаассифона солҳост, ки дар Тоҷикистон хушунати хонаводагӣ идома дошта ва занони ҷомеа бештар мавриди ин хушунат қарор мегиранд.

Ба назар мерасад барои чора кардани ин масъала илова бар иқдомоти мақомоти кишвар, лозим аст, ки руҳониёни кишвар ҳам иқдомоте анҷом диҳанд ва мақому манзилати хонавода ва арзиши онро аз нигоҳи дини Ислом барои мардону занони ҷомеаи худ ошкор созанд.

Тибқи гузориши ВКД, дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Рӯдакӣ як куштори бераҳмонаи зане сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ахиран марди 30-солаи сокини деҳаи Файзобаи ноҳияи Рӯдакӣ, ба хонаи истиқоматии хусураш ба деҳаи Сангтудаи ҳамин ноҳия омада, бо корд ҳамсараш зани 29-соларо 9 маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

ВКД-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки мутаассифона дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон, як ҳодисаи ваҳшиёнаи дигар дар деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷ.Расулов сар задааст, ки марди 40-сола ҳамсари бародари худро ба қатл расонидаат.

Ба иттилои манбаъ, ахиран марди 37-солаи сокини деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷ.Расулов дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиашон бо ҳамсари бародараш, зани 40-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2 маротиба ба қисмати гарданаш задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст”, – зикр кардааст манбаъ.

Гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад