Боздошти писари Саидқиёмиддини Ғозӣ дар Қазон бо дархости Тоҷикистон

Додгоҳе дар шаҳри Қазон, маркази Тотористони Русия, Баракатуллоҳ Ғозиев, писари 35-солаи Саидқиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии шинохта дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистонро чиҳил шабонарӯз ҳабс маҳкум кардааст.

Додгоҳе дар шаҳри Қазон, маркази Тотористони Русия, Баракатуллоҳ Ғозиев, писари 35-солаи Саидқиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии шинохта дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистонро чиҳил шабонарӯз ҳабс маҳкум кардааст.

Мақомоти Додгоҳи ноҳияи Совет дар қароре аз 15-уми августи имсол гуфтаанд, боздошти Баракатуллоҳ бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифт. Пайвандонаш аз “эҳтимоли истирдоди ӯ ба Душанбе ва шиканҷа шуданаш” нигаронанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон расман чизе нагуфтаанд, Додгоҳи ноҳияи Совет дар Қазон иттилоъ дод, ки Баракатуллоҳ Ғозиев дар кишвар бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – “барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ” (қисми яки моддаи 189) ва “хиёнат ба давлат” (қисми яки моддаи 305) – гумонбар аст.

Бино ба моддаи аввал ба ӯ аз ду то панҷ сол ва бар асоси моддаи дувум аз дувоздаҳ то бист сол зиндон таҳдид мекунад.

Ба иттилои Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Қазон, Баракатуллоҳ Ғозиев як сол боз таҳти ҷустуҷӯи байнулмилалӣ будааст.

Додрас Эрик Ҳабибулин бо такя ба хулосаи Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтааст, Баракатуллоҳ Ғозиев, ки “соли 2015 аз Эрон ба Душанбе баргашт ва сипас барои кор ба Русия рафт”, ба барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ дар “Инстаграм” муттаҳам аст. Ба иттилои додрас, ӯ дар ин шабакаи иҷтимоӣ бо номи “Баракат Ғозӣ” гуё “ақидаҳои мазҳаби шиаро ташвиқ мекард”.

Наздикони Баракатуллоҳ Ғозиев бе зикри ном рӯзи 5-уми сентябр гуфтанд, чунин иддао дуруст нест, вале ӯ як моҳ пеш бо дархости ҷониби Тоҷикистон дастгир шуда, то 22-юми сентябр дар боздоштгоҳи Қазон хоҳад монд. Дар ин муддат, ба гуфтаи онҳо, эҳтимоли истирдодаш аз Русия ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Яке аз наздикони ӯ гуфт : “Вай бо вакили мудофеъ таъмин аст, вале нигаронем, ки ба Душанбе истирдод нашавад”.

Дар гузашта Тоҷикистон чандин афроди таҳти ҷустуҷӯро, ки дар Қазон ва дигар шаҳрҳои Русия боздошт шудаанд, ба кишвар оварда, ба муҳлатҳои дарози зиндон маҳкум кардааст.

Дар ду соли охир ду бародари Баракатуллоҳ Ғозиев бо гуноҳи тундгароӣ ва хиёнат ба давлат (яке ба 11 вадигаре ба 13 сол) дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуданд. Сарнавишти як бародари дигари онҳо ҳанӯз маълум нест.

Инҷо бояд ёдовар шавем,, ки ҳукумати Тоҷикистон  дар солҳои ахир афроди бегуноҳи зиёдиро бо баҳонаҳо ва туҳматҳои мухталиф дастгир ва ба солҳои тулонии зиндон маҳкум кардааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад