Баррасии истирдоди мухолифин дар ройзании Юсуф Раҳмон бо мақомоти Олмон

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз мақомоти кишвари Олмон хостааст мухолифони таҳти таъқибро ба ҶТ таслим кунад.

Юсуф Раҳмон, масъалаи истирдоди шахсони дар кофтуков қарордоштаро бо мақомоти Олмон баррасӣ кард.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз мақомоти кишвари Олмон хоста, ки шаҳрвандони тоҷике, ки дар пайгард қарор доранд ва ба ин кишвари аврупоӣ паноҳ бурдаанд, боздошт ва ба онҳо таслим кунанд.

Ба гузориши дафтари матбуоти Прокуратураи генералии кишвар, Юсуф Раҳмон дар ин сафараш ба Олмон бо прокурори генералии Олмон Ҷаноби Доктор Петер Франк ва Прокурори генералии шаҳри Дюсселдорф, Ҳорст Бин мулоқот намуда, “муқовимат ба терроризм ва экстремизм, парвандаҳои ҷиноятии мушаххас, истирдоди ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта”-ро баррасӣ кардааст.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон аксари мухолифини ҳукуматро, ки ба далелҳои саркӯбагарони ҳукумати Раҳмон ва фишорҳои сиёсии давлати саркӯбгар, дар кишварҳои аврупоӣ ба сар мебаранд, ҳамчун ҷинояткор дар ҷустаҷӯ қарор додаанд ва додситони куллӣ то поёни сафараш дар Олмон ин масъаро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон дар ҳоле масъали истирдоди мухолифини ҳукумати Тоҷикистонро бо мақомоти Олмон мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки 10 рӯз қабл ба парлумони Аврупо пешниҳод шуд, ки исми прокурори генералии Тоҷикистон ва Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ҳамчун ҷинояткор ва поймолкунандаи ҳуқуқи башар ба листи таҳримҳои “Магнитский”  ворид кунанд.

Аммо Қонуни Магниский чист?

Қонуни Магнитский”, ки номи пуррааш “Қонуни посухгӯии ҳуқуқи башари ҷаҳонии Магнитский” (Global Magnitsky Human Rights Accountability Act) аст, моҳи декабри 2016 тавассути Конгресси Амрико барои таҳрим ва муҷозоти мақомоти кишварҳои хориҷӣ, ки дар нақзи ҳуқуқи башар ва фасод дар ҳар нуқтаи ҷаҳон даст доранд, ба тасвиб расид.

Таҳрими “Магнитский” паёмадҳои бисёр муассир ва ҷиддӣ ба афроди таҳримшуда дорад, аз ҷумла масдудияти дороиҳо, манъи вуруд ба Амрико, ворид шудан дар листи сиёҳи банкӣ ва ғайра. Илова бар ин, таъсири ин таҳрим дар таомул бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ низ кам нест.

Номи ин қонун ба номи фарде ба исми Сергей Магнитский, шаҳрванди Русия ва ҳуқуқдони рус, рабт дорад, ки бо иттиҳоми имтиноъ аз пардохти молиёт боздошт шуда ва дар моҳи ноябри 2009  дар боздошгоҳе дар Маскав даргузашт.

То кунун дар ин листи таҳрим “Қонуни ҷаҳонии Магнитский” ҳудуди 60 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ, бо шумули Гулнора Каримов, духтари президенти собиқи Узбекистон, ягона шаҳрванди шомили лист аз Осиёи Марказӣ, ворид шудаанд.

Аз Тоҷикистон, танҳо номи Саймумин Ятимов, раҳбари КДАМ, барои даст доштан аз тариқи масъулияти раҳбарии КДАМ дар шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раҳбари ҲНИТ, дар боздошгоҳи ин ниҳод ва дигар мавориди нақзи ҳуқуқи башар, ба ин лист пешниҳод шуд. Ин пешниҳод аз тарафи 23 созмони бонуфузи байналмилалӣ  моҳи сентябри 2017 матраҳ шуда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад