Имсол 96 корхонаи Тоҷикистон аз кор мондандаанд

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар як мусоҳибае гутааст, ки дар соли ҷори 96 корхонаи саноати бо сабабҳои гуногун фаъолият накарданд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар як мусоҳибае гутааст, ки дар соли ҷори 96 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун фаъолият накарданд.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва техналогияҳои нави кишвар, дар суҳбати таъкид доштааст, ки дар нимсолаи аввали соли равон 96 корхона Тоҷикистон дар саросари Тоҷикистон фаъолият накарданд, ки ба соҳаи саноати хӯрокворӣ, сохтмон, саноати сабук, мошинсозӣ, табъу нашр, ангишт ва маъдан рост меоянд.

Вай гуфт, ки дар ин давра дар ВМКБ 6, вилояти Суғд 17, вилояти Хатлон 23, НТҶ 20 ва шаҳри Душанбе 30 корхона фаъолият накардааст.

Шералӣ Кабир сабабҳои асосии фаъолият накардани 96 корхонаро, аз ҷумла дар марҳилаи барҳамхӯрӣ қарор доштан, муфлисшавӣ, мушкилоти молиявӣ, қарзи андозӣ, баҳси амвол бо бонкҳо, фарсудашавии таҷҳизот, надоштани иҷозатнома, аз ҷумҳурӣ рафтани роҳбари корхона бинобар шаҳрванди хориҷӣ будан, надоштани бино, қитъаи замин ва дигар намудҳои самти фаъолият рабт дод.

Вай қайд кард, ки :

“Бо назардошти сабабҳои дар боло дарҷгардида, аз рӯйхати корхонаҳои саноатӣ баровардани онҳо (дар равзанаи корхонаҳое, ки аз андоз қарздоранд, боқӣ мемонанд) мувофиқи мақсад мебошад ва корҳо дар ин самт идома доранд”.

Тибқи вазорати саноат дар давраи сипаригашта 157 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, ва бо фаъолият доштани онҳо 1366 кас соҳиби ҷойи кор шуд.

Албатта бояд инҷо ин нуктаро ёдовар шамем, ки бисёри аз кишварҳо,  махсусан кишварҳои пешрафта ва ё кишварҳои дар ҳоли пешрафт шароити кориро барои соҳибкорон ва сармоягузорон аз ҷиҳоти мухталиф фароҳам мекунанд то боиси пешрафти он кишвар ва соҳибкорон шавад аммо мутаассифона дар Тоҷикистон чунин нест .

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад