Нигаронии Путин аз истиқрори сомонаи мушакии Амрико дар марзи Ҷопон бо Русия

Раиси ҷумҳури Русия бо ибрози нигаронӣ аз эҳтимоли истиқрори сомонаи мушакии Амрико дар марзи Ҷопон бо Русия, аз Токио хост имкони чунин иттифоқеро надиҳад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, раиси ҷумҳури Русия зимни интиқод аз Токио барои тағйири мукаррари мавозиъи худ дар музокироти байни ду кишвар гуфт, ки Русия ва Ҷопон пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум паймони сулҳ мунъақид накардаанд.

Ба навиштаи рӯзномаи “Ҷопон Таймс”, “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа дар суханронии худ дар маҷмаъи иқтисодӣ дар шаҳри “Владивасток” дар шарқи дуври Русия ибрози нигаронӣ кард, ки дар сӯрати имзои тавофуқномаи сулҳ, нерӯҳои Амрикоӣ мумкин аст як сомонаи мушакӣ дар хоки Ҷопон наздики марзи бо Русия мустақар кунанд.

Вай аз Ҷопон хост нисбат ба тавофуқи сулҳ дар оянда итминон бахшӣ карда ва иҷозаи истиқрори сомонаи мушакии Амрико дар марзи Ҷопон бо Русияро надиҳад. Путин ҳамчунин афзуд, ки адами тавофуқи байни Маскав ва Токио пас аз хотимаи ҷанги ҷаҳонии дувум токунун, мавриди нописандӣ аст.

Бар асоси ин гузориш, ихтилоф бар сари ҷазоири таҳти кантроли Русия ва иддаои Токио бар “Ҳукойду”, шимолитарин ҷазира дар Ҷопон монеъ аз инъиқоди паймони сулҳ байни ду кишвар шуда аст.

Ба навиштаи ин рӯзнома, Путин дар идомаи суханонии худ гуфт, ки ду тараф борҳо дар мавриди иқдоми муштарак дар ҷазоири мавриди ихтилоф тавофуқ карданд, аммо Ҷопон борҳо дар мавзеи худ таҷдиди назар карда аст.

Дар соли 2018, раиси ҷумҳури Русия ба Ҷопон пешниҳод кард, ки як паймони сулҳ имзо кунанд, иқдоме ки ба гуфтаи бархе таҳлилгарон баҳам задани иттиҳоди Токио бо Иёлоти Муттаҳида аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷопон башиддат дар заминаи таҳаррукоти низомии Русия дар ин ҷазоири роҳбурдӣ ҳассос аст. Русия чанде қабл эълом кард, ки барои нахустин бори қасди истиқрори як сомонаи мушакӣ дар ин ҷазираи мавриди муноқиша бо Ҷопонро дорад, аммо ин иқдом бахше аз як тамрини низомӣ ва на бо аҳдофи размӣ аст.

Ҷазоири Курил, ки дар Ҷопон бо унвони “қаламрави шимолӣ” номида мешавад, дар поёни ҷанги ҷаҳонии дувум тавассути нерӯҳои Шуравии собиқ тасарруф шуд. Ҳар ду кишвар муддаии моликият бар ин ҷазоир ҳастанд ва Ҷопон ба дунболи бозгардондани он ба қаламравӣ худ ҳастанд. Ихтилофот миёни Ҷопон ва Русия бар сари ин минтақа аз замони поёни ҷанги ҷаҳонии дувум токунун идома дошта ва лоянҳал боқӣ монда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад