Раҳбари ҶИЭ Бо фасод ва муфсид беамон мубориза кунед

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими танфизи раёсатҷумҳурии Сайид Иброҳим Раисӣ таъкид карданд, мазҳари вифоқи миллӣ бошед бо мардум содиқона ҳарф бизанед, бо фасоду муфсид беамон мубориза кунед.

Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи сешанбе дар маросими танфизи ҳукми раёсатҷумҳурии Сайид Иброҳим Раисӣ, ҳузури миллат дар интихоботро комилан пурмаъно ва намоди мардумсолории динӣ хонданд.

Ишон маросими танфизро муттакӣ бар қонуни асосӣ ва расми бунёнгузорӣ шуда ба дасти имом Хумайнӣ (раҳ.) баршумурданд ва афзуданд, ин маросим, мазҳари мавзӯи бисёр муҳими «ҷобаҷои ақлонӣ, ором ва матин» дар қувваи муҷрия ва дар воқеъ дар мудирияти кишвар аст.

Сайид Алӣ Хоманаӣ, бо ишора ба баргузории интихобот дар саломату амнияти комил, афзуданд, аз муддатҳо пеш тавтеаи таҳрими интихобот дар маҳофили сиёсатгузории душманон тарроҳӣ ва дунбол мешуд ва дар дохил ҳам иддае аз рӯи ғафлату иддае шояд аз рӯи ғараз ҳамин хатро дунбол мекарданд, аммо миллат посухи қотеъ дод ва бо тавваҷуҳ ба авзоъу аҳвол, мушорикати хубе дар интихобот дошт.

Раҳбари ҶИЭ, ҷобаҷои қудрат дар қувваи муҷрияро умедофарин баршумурданд ва гуфтанд, ҳузури афроди ҷадид бо иродаҳои тоза ва ибтикороти нав, барои ҳама ба хусӯс ҷавонон умед меофаринад, ки ин умедворӣ бисёр муғтанам аст.

Ишон вурӯди миллат ба масоили мухталифро калиди аслии ҳали мушкилот хонданд ва афзуданд, пайгирии арзишҳои инқилоб мӯҷиби афзоиши ангезаҳои мардум ва вурӯди онон ба майдон мешавад, ки ин ҳузур бе бадил ва бе ҷойгузин, бисёр муғтанам ва коргушо аст.

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба шиорҳои интихоботии оқои Раисӣ мабнӣ бар «мардумӣ будан ва аз мардум шунидан ва дар миёни мардум будан», гуфтанд, мардумӣ будан мавзӯи бисёр муҳимме аст ва раисиҷумҳури муҳтарам ва ҳамкоронашон бояд талош кунанд ин шиор дар воқеият муҳаққақ шавад ва ба маънии воқеӣ ва бидуни дар назар гирифтани имтиёзҳои табақотӣ ва гурӯҳӣ, дар миёни ҳамаи мардум бошанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ яке дигар аз ҷанбаҳои мардумӣ буданро муборизаи беамон бо фасод ва мафосид баршумурданд ва афзуданд, оқои Раисӣ дар масъӯлияти қаблӣ, мубориза бо фасодро шурӯ кард ва иқдомоти хубе анҷом дод, аммо асли қазия ва бистарҳо ва заминаҳои фасод дар қувваи муҷрия аст, ки бояд бо он ба таври ҷиддӣ мубориза кард.

Ишон тасреҳ карданд, ин рӯзҳо аз мушкилот ва камбудиҳои кишвар гуфта мешавад, ки зиёд ҳам ҳастанд, аммо зарфиятҳои кишвар дар бахшҳои об, нафт, маодин, бозори густардаи дохилӣ, ҳамсоягон ва истеъдодҳо ва омодагиҳои ҳайратовари ҷавонон, бисёр фаротар аз мушкилоти фавқулодда ҳастанд.

Сайид Алӣ Хоманаӣ бо ишора ба вуҷӯди заъфу камкорӣ дар корҳои расонаӣ ва таблиғотӣ дар дохили кишвар хотир нишон карданд, бояд дар ин масоил қавитар ва ҳӯшмандонатар амал кард.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад