Амалиёти вижаи неруҳои Қирғизистон дар марзи Тоҷикистон

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон амалиёти вижа гузронида мешавад.

дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки дар марзи Тоҷикистон амалиёти вижа мегузаронад. Ин амалиёт барои муқобила бо қочоқ сурат мегирад.

Гуфта мешавад, ки амалиёт рӯзи 3 август оғоз шуд.

Роҳбариро фармондеҳии Раёсати Хадамоти сарҳадӣ дар вилояти Бодканд амалӣ мекунад.

Ҳамчунин ба ин амалиёт, мақомоти маҳаллӣ, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои салоҳиятдор, ки дар вилояти Бодканд ҷойгир шудаанд, ҷалб карда мешаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад