Амрико 24 дипломати русро ихроҷ кард

Сафири Русия дар Вашингтон эълом кард, ки Амрико аз 24 дипломати ин кишвар хостааст то сеюми сентябр хоки Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро тарк кунанд.

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, сафири Русия дар Вашингтон мегуяд, ки Амрико аз 24 дипломати ин кишвар хостааст то сеюми сентябр хоки Амрикоро тарк кунанд.

Хабаргузории “Reuters” бо баёни инки ин иқдом боиси афзоиши танишҳо миёни Русия ва Вашингтон мешавад гузориш дод “Анатолий Антонов”, сафир Русия нагуфтааст, ки оё ин тасмими Вашингтон дар иртибот бо масъала ва мавзӯи хосе будааст ё хайр.

Анатолий Антонов, афзуд: ҳамагии ин дипломатҳо бидуни ҷойгузин шудан бо нафароти ҷадид пустҳои худро тарк мекунанд чаро, ки Вашингтон ба сурати ногаҳонӣ раванди судури визоро сахт кардааст.

“Нед Прайс”, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико рӯзи душанбе дар вокуниш ба хабар гуфта, Вашингтон аз судури визо барои дипломатҳо ба унвони як абзор барои посухи мутақобил истифода намекунад. Вай изҳороти сафири Русия дар заминаи маҳдудияти судури визоро нодуруст хонд.

Вай дар айни ҳол муддаӣ шуд, ки ин чизи ҷадиде нест ва русҳо бояд ҳар се сол барои тамдиди визо дархост бидиҳанд. Дархостҳои онҳо ба сурати маврид ба маврид баррасӣ хоҳад шуд.

Таниши диплумотик миёни Русия ва Вашингтон дарҳоле аст, ки пас аз тавофуқи Ҷо Байден ва Владимир Путин дар Женева суфарои ду кишвар ба маҳали корашон бозгаштаанд.

Ин иқдоми Амрико пас аз он сурат мегирад, ки “Энтони Блинкен” вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа эълом кард, Русия ихроҷи ҳудуди дивист корманди маҳаллии ниҳодҳои дипломотики Амрико дар хоки ин кишварро хостор шудааст.

Энтони Блинкен, дар баёнияе навишт: “давлати Русия аз моҳи август, Иёлоти Муттаҳидаро аз нигаҳ доштан ё истихдом ё ақди қарордод бо табаъаҳои рус ё дорои табаъияти кишварҳои солисро ба ҷуз дархусуси нерӯҳои горд, манъ мекунад”.

Таниши дипломотик миёни Амрико ва Русия замоне ба авҷ расид, ки Амрико бо иддаои талоши Русия барои мудохила дар интихоботи 2020 Амрико, таҳримҳоеро алайҳи ин кишвар аъмол кард ва дар ниҳоят кор ба ихроҷ суфаро кашида шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад