Иди саиди Қурбон муборак бод!

Имрӯз (сешанбе) даҳуми зулҳиҷҷаи 1442 баробар бо 20 июли 2021 рӯзи Иди саиди Қурбон аст.

Имрӯз (сешанбе) даҳуми зулҳиҷҷаи 1442 баробар бо 20 июли 2021 рӯзи Иди саиди Қурбон аст. Имрӯз (сешанбе) даҳуми зулҳиҷҷаи 1442 баробар бо 20 июли 2021 рӯзи Иди саиди Қурбон аст.

Дар иди саиди Қурбон ҳоҷиёне, ки ба зиёрати хонаи Худо шитофтаанд, ба дастури Худованд ва барои ризои Ӯ қурбонӣ мекунанд ва хотираи паёмбари бузурги илоҳӣ – ҳазрати Иброҳим (а) – ро зинда медоранд.

Иди Қурбон – иди фидокорӣ, аз худгузаштагӣ, ғалаба бар ҳавои нафс ва таслим дар баробари фармони Худованд аст.

Мусулмонони ҷаҳон рӯзи даҳуми зилҳиҷҷаро ба унвони як иди бузург ва пуршукӯҳи исломӣ гиромӣ медоранд ва аз он дарси ихлос ва бандагӣ ба даргоҳи Худованди бузургро меомӯзанд.

Имсол иди Қурбонро дар шароите ҷашн мегирем, ки ба далели фарогирии мавҷи ҷадид ва пешрафтаи бемории ҷаҳонии коронавирус маросими ибодии Ҳаҷ ба сурати маҳдуд баргузор мешавад ва садҳо ҳазор мусулмон аз анҷоми ин фаризаи Илоҳӣ маҳрум ҳастанд

Бар пайкари олами вуҷуд ҷон омад

Сад шукр, ки имтиҳон ба поён омад

Аз лутфи Худованди Халилур Раҳмон

Як иди бузург ба номи Қурбон омад.

Имрӯз ба қурбонгоҳ меравем монанди падарамон ҳазрати Иброҳим (а) бо паймонае лабрез аз шуру шуъур ва ихлос Аллоҳу Акбаргӯён ва фақат бо як ҳадаф: бандагии воқеӣ.

Имрӯз тамоми бутҳои дарун ва берунро ба пои маъбуди маҳбубамон қурбонӣ мекунем ва шайтонро бо салобат ба банди зиллат мекашонем.

Иди Қурбон ҷашни осмонӣ аст барои озодии тан ва руҳ аз зиллати шайтон ва пирӯзӣ дар озмуни илоҳӣ.

Иди Қурбон аст, эй ёрон, гулафшонӣ кунед

Дар минои дил вуқуф аз ҳаҷҷи руҳонӣ кунед

То наяфтодаст ҷон дар панҷаи гурги ҳаво

Гӯсфанди нафсро гиреду қурбонӣ кунед.

Сомонаи ТоҷикПресс фаро расидани иди саиди Қурбонро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон махсусан мардуми шарифи кишвар табрик ва таҳният мегӯяд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад