Таҳдиди Литва ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ

Литва аз муҳоҷирон даъват кард, ки таври қонунӣ ба Аврупо сафар кунанд ва агар муҳоҷират ғайриқонунӣ бошад муҷрим шинохта мешаванд.

Вазири корҳои хориҷии Литва аз муҳоҷирон даъват кард, ки дар омадан ба Аврупо роҳҳои қонуниро биҷӯянд, дар ғайри он муҷирим шинохта шуда, ба кишварҳои худ бозпас фиристода мешаванд, зеро ғайриқонунӣ муҳоҷират кардаанд.

Габриелиус Ландсбергис, вазири корҳои хориҷии Литва аз шаҳрвандони Африқо, Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ даъват кард, ки аз хидмати миёнаравҳои шубҳаноке, ки ғайриқонунӣ мардумро ба Аврупо интиқол медиҳанд, истифода набаранд ва аз роҳҳои қонунии вуруд ба қаламрави Аврупоро ҷустуҷӯ кунанд. Ӯ имрӯз 19-июл ин даъваташро бо забони арабӣ дар сафҳаи фейсбукии худ нашр кард.

Ландсбергис менависад, «Миёнаравҳо бо ситонидани пули бисёр шуморо фиреб медиҳанд. Ба шумо мегӯянд, метавонед дар Аврупо кор ва зиндагӣ кунед. Онҳо шуморо аз марз ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) ғайриқонунӣ аз тариқи ҷангал мефиристанд ва мегӯянд, рав онҷо Аврупост, сарҳадбонон вуҷуд надоранд, ин дурӯғ аст. Шуморо марзбонони Литва боздошт мекунанд ва ба урдугоҳҳо бурда дар хаймаҳо ҷойгир мекунанд.”

Дар муроҷиатнома омадааст: “Ҳамин тавр шумо ба Беларус парвоз мекунед, пас аз чанд рӯз қаллобон дар Минск, ки бо ҷинояткорон ва бо диктатори Беларус Лукашенко ҳамкории зич доранд, шуморо шабона ба марзи ИА мебаранд. Азбаски бо роҳи ғариқонунӣ даст задаед, шумо ҳам муҷрим ҳисоб шуда, қариб ҳеҷ кадоми шумо паноҳдагӣ нахоҳед гирифт ва гуреза дониста нахоҳед шуд. То он даме, ки роҳи бозпас фиристодани шуморо пайдо кунем, шумо дар хайма зиндагӣ мекунед”.

Дар идома Ландсбергис мегӯяд, “Шумо метавонед ба Иттиҳоди Аврупо танҳо қонунӣ ворид шавед. Ба фиребгарон бовар накунед, зеро ба шумо лозим меояд, ки бозгардед.”

Ба гуфтаи вазир, гурехтан аз инҷо ба кишварҳои дигар фоидае нахоҳад расонд. Ландсбергис таъкид кард: “Агар шумо гурезед, полиси мо ё полиси давлатҳои ҳамсоя шуморо, мувофиқи созишномаҳои мавҷудаи ИА бармегардонанд”.

Мақомоти Литва аз вуруди садҳо нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ тайи ин чанд моҳи ахир дар марзҳои шарқии Иттҳоди Аврупо бо Беларус хабар медиҳад.

Аз аввали сол дар марзи Литва ва Беларус 2096 муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт шуданд, ки ин нисбат ба тамоми соли гузашта 25,9 маротиба зиёд аст.

Охири моҳи май президенти Беларус, Александр Лукашенко таҳдид кард, ки назоратро бар болои қочоқ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар робита ба фишори Арвупо ба Минск (пас аз ҳодисаи ҳавопаймои “Ryanair”) суст мекунад. Лукашенко гуфта буд: “Мо назоратро бар болои қочоқ ва муҳоҷирон қатъ кардем, акнун шумо худатон онҳоро боздоред”.

Лукашенко таҳдид кард: “Мо дар натиҷаи таҳримоти Ғарб барои ин на пул дорем ва на неру. Ва шумо хуб мефаҳмед, ҳеҷ кас намедонад, ки дар Литва ва дар марз чӣ ҳодисаҳо рух медиҳанд, ин танҳо як далел аст.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад